Оғози таъмири ҳайкали “Исмоили Сомонӣ” дар Душанбе

Дар Душанбе нақша доранд, давоми чор моҳи баъдӣ маҷмааи муҷассамаи “Исмоили Сомонӣ”-ро таъмири асосӣ (капиталӣ) кунанд. Дар ин бора аз Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе хабар доданд. Чанд рӯз аст, ки дар маҷмааи муҷассамаи “Исмоилӣ Сомонӣ”-и шаҳрии Душанбе устоҳои зиёде ба таъмир машғуланд. Онҳо сангҳои “гранити”-и гирди муҷассамаро канда, ҳамчунин дар дохили осорхонаи зери муҷассама […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар Душанбе нақша доранд, давоми чор моҳи баъдӣ маҷмааи муҷассамаи “Исмоили Сомонӣ”-ро таъмири асосӣ (капиталӣ) кунанд. Дар ин бора аз Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Чанд рӯз аст, ки дар маҷмааи муҷассамаи “Исмоилӣ Сомонӣ”-и шаҳрии Душанбе устоҳои зиёде ба таъмир машғуланд. Онҳо сангҳои “гранити”-и гирди муҷассамаро канда, ҳамчунин дар дохили осорхонаи зери муҷассама машғули коранд.

Аз Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе гуфтанд, бо супориши шаҳрдори Душанбе ҳудуди ду ҳафта пештар ба таъмири даври муҷассама оғоз карданд ва давоми чор моҳи баъдӣ осорхонаи зери муҷассамаро таъмири асосӣ карда, ҳамаи қубрҳоро иваз мекунанд.

“Мо ба худи ҳайкал намерасем, танҳо сангҳои сурхи даври онро иваз мекунем ва осорхонаи зери ҳайкалро пурра таъмир менамоем. Қубурҳоро, ки чандин сол аст иваз нашудааст, пурра нав мекунем. Онҷо шабакаҳои қубурҳои обгузар ва ҳавокашии зиёд аст, ки аз сабаби фарсуда шуданашон бояд иваз шаванд. Осорхонаро ҳам пурра таъмири капиталӣ мекунем”, – гуфтанд аз Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе.

Нақшаи тармим аз ҷониби ширкати “Саноатсоз” лоиҳакашӣ шуда, таъмири онро ҶСК “Меъмор ва сохтмон” ба уҳда гирифтааст.

Интизор меравад, ки таъмир дар муҷассама то охири моҳи марти соли 2023 давом ёбад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.