“Фишори судшаванда баланд шуд”. Мурофиаи хушдомани муттаҳам ба худкушии келин ба таъхир афтод

Мурофиаи додгоҳии Бибикалон Назирова, хушдомани Манораи Абдуфаттоҳ (Абдуалимзода), ки ҷасадаш моҳи июни соли гузашта дар ноҳияи Файзобод бо 26 зарби корд ёфт гардид, бо сабаби бад шудани саломатии судшаванда ба таъхир афтод. Имрӯз додгоҳ мебоист сухани охирини Назироваро шунида, қарори ниҳоии худро мебаровард. Дар ин бора Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора ба “Азия-Плюс” хабар дод. Аз ин […]

Мурофиаи додгоҳии Бибикалон Назирова, хушдомани Манораи Абдуфаттоҳ (Абдуалимзода), ки ҷасадаш моҳи июни соли гузашта дар ноҳияи Файзобод бо 26 зарби корд ёфт гардид, бо сабаби бад шудани саломатии судшаванда ба таъхир афтод. Имрӯз додгоҳ мебоист сухани охирини Назироваро шунида, қарори ниҳоии худро мебаровард.

Дар ин бора Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Аз ин пештар айбдоркунандаи давлатӣ ё прокурор барои Назирова 8 соли зиндон талаб карда буд.

Қаблан, Назирова дар мурофиаи додгоҳӣ, дар марги келинаш Манораи Абдуфаттоҳ худро қисман гунаҳкор эътироф кард.

Гуфта мешавад, дар мурофиаи додгоҳии дуввум, ки рӯзи 11-уми октябр баргузор гардид, вакили дифои Назирова аз суд дархост карда буд, ки кирдори зерҳимояашро бо қисми 1-и моддаи 109 (ба худкушӣ расонидан)-и Кодекси ҷиноятӣ бандубаст карда, нисбати ӯ қонуни ҶТ “Дар бораи авф”-ро татбиқ ва ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шавад.

“Айбдоркунандаи давлатӣ нисбати дархости ҳимоятгар эътироз баён намуда, аз суд рад кардани онро талаб кард. Ҳамчунин, мавқеи айбдоркунандаи давлатиро ҷабрдида ва намояндаи ӯ дастгирӣ намуданд”, – гуфта буд, Эътилофи ҷомеаи шаҳрванди зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, ки аз ҳуқуқҳои наздикони Манора ҳимоят мекунад.

Ёдовар мешавем, ки наздикони Манора чанд маротиба ба мақомот муроҷиат карда, хостори ҷазо додани наздикони шавҳари ӯ шуда буданд. Онҳо даъво доштанд, ки духтарашон худкушӣ накардааст ва наметавонист, ки худаш дар баданаш 26 корд занад.

Баъдан, Додситонии кулли кишвар пас аз тафтиши пешакӣ далели марги Манораи Абдуфаттоҳро худкушӣ номида буд.

Ин ниҳод гуфта буд, ки бо гузаронидани амалҳои зиёди тафтишотӣ ва экспертизаҳои судии гуногун, муайян карда шудааст, ки сабаби марги ҷавонзан хунравӣ аз 3 ҷароҳати халанда ва бурандаи дар мавзеи гардан ва шикам бардоштаи ӯ гаштааст.

“Захму харошаҳои дигари дар бадани Абдуалимзода М.А. бисёру бо ҳам паралел ва сатҳӣ буда, сабаби марг шуда наметавонанд ва онҳо аз тарафи худи ӯ расонида шудаанд”, – омадааст дар маълумот.

Пайвандону наздикони ҷавонзан ба худкушии ӯ бовар надоранд ва мегӯянд, ки ба гумони ғолиб, ӯро куштаанд.

Манораи Абдуфаттоҳ се фарзанд дошт ва ҳангоми рух додани ин ҳодисаи фоҷеабор шавҳари Манора дар муҳоҷират дар Русия қарор дошт. Оилаи шавҳари зани фавтида аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунанд. Ҳамчунин, додситонӣ ва суди Файзобод ҳам дар робита ба қазия то ба ҳол шарҳе надодаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.