“Лабҳои “ботокс” ва мижгони сунъӣ. Фарҳанги миллӣ дар ҳоли хатар аст!

Моҳсафари Яҳёзод, рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ бо нашри матлабе дар маҷаллаи “Дин ва ҷомеа” аз он нигаронӣ мекунад, ки қаблан “занони тоҷикро ҳар ҷое медиданд, мешинохтанд ва хитоб мекарданд, “чеҳраи тоҷикист”, аммо ҳоло мӯди муосир чеҳраи зебои ӯро маҳв кардаву “ҳама якрангу якнамуд” шудаанд. “Ба ҷои абрӯвони сиёҳи камоншакл – қошҳои рангмолидашудаи қанотмонанд, ба […]

Asia-Plus

Моҳсафари Яҳёзод, рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ бо нашри матлабе дар маҷаллаи “Дин ва ҷомеа” аз он нигаронӣ мекунад, ки қаблан “занони тоҷикро ҳар ҷое медиданд, мешинохтанд ва хитоб мекарданд, “чеҳраи тоҷикист”, аммо ҳоло мӯди муосир чеҳраи зебои ӯро маҳв кардаву “ҳама якрангу якнамуд” шудаанд.

“Ба ҷои абрӯвони сиёҳи камоншакл – қошҳои рангмолидашудаи қанотмонанд, ба ҷойи лабҳои нафис – лабҳои варамкунонидашудаи балоншакл (ботоксшуда), ба ҷойи миҷгонҳои табиӣ – миҷаҳои сунъии дарозу каҷгардоншуда, ки ҳатто чашмҳоро мепӯшонанд ва мӯйҳои сунъиву рангмолидаи зиёд дилхарош ба назар мерасад”, – нигаронӣ кардааст Моҳсафари Яҳёзод.

Ин рӯзноманигор омили дурӣ аз фарҳанги либоспӯшиву ороишии бонувони тоҷикро тақлиди бемаврид ба ҳунармандони ҷавон номида, таъкид кардааст, ки “тоҷикдухтар ҳеҷ гоҳ лабҳои варамида ва рухсораҳои бардамида надошт”.

“Агар бигӯем, ки он ҳусни табиии Худододро дигар ба ҷустан пайдо намудан амри маҳол аст, албатта, муболиға мешавад, вале бе муболиға метавонем нигарон бошем, ки воқеан ҳам имрӯз зани тоҷик чеҳраи аслӣ, табиӣ ва миллии худро аз даст дода истодааст”, – гуфтааст Моҳсафари Яҳёзод.

Ин рӯзноманигор дар матлаби хеш аз андешаи коршиноси масоили динӣ Муслиҳиддин Хоҷамирзода истифода кардааст, ки мегӯяд: “Аз назари дин афроди ба тағйири офаридаи Худованд дастзананда дӯстони шайтон ба шумор мераванд”.

Муслиҳиддин Хоҷамирзода аз Қуръони карим иқтибос кардааст: “Ва, албатта, онҳоро гумроҳ кунам ва дар орзу(-и ботил) афканам; ва, албатта, ба онҳо бифармоям, то гӯши чаҳорпоёнро бишикофанд; ва, албатта, ба онҳо бифармоям, то офариниши Худоро тағйир диҳанд. Ва ҳар ки ба ҷуз Худо Шайтонро дӯст гирад, пас, ба зиёни ошкоре зиёнкор шудааст” (сураи Нисо, ояти 119).

Ҳамчунин, Моҳсафари Яҳёзод дар хусуси зарар ва хатарҳои истифода аз василаҳои гуногуни ороишӣ андешаҳои мутахассисонро оварда, навиштааст, ки “таъсири манфии ботокс ҳамон вақт ба назар мерасад, ки мавод ба раг – артерияи рӯй ворид шавад. Чунки ин артерия ба чашмҳо кислород медиҳад, агар ба он ботокс афтад, дар ин ҳолат, инсон аз қувваи биноиш маҳрум мегардад, инчунин, метавонад ба инсулт гирифтор шавад, маводи мазкур имкони гузаштани кислородро ба майнаи сар маҳдуд менамояд. Ин ҳолат марговар аст ва ҳангоми гирифтор шудан ба он ҳатто табибон ҳам мадад расонида наметавонанд”.

Зимни хулосаи хеш ин рӯзноманигор менависад, ки “ин амале, ки бонувони мо ба хотири зебоӣ талош менамоянд, зебоӣ нест, балки аз даст додани зебоӣ аст”.

Гуфтан ба маврид аст, ки равандҳои мӯди муосир ва тақлиди бонувони тоҷик ба он муддати тӯлонӣ аст, ки мавриди баҳси ҷомеаи суннатии Тоҷикистон аст, аммо мақолаи интиқодии мазкур аз камтарин ҳолатҳоест, ки як рӯзноманигори бонуи тоҷик аз ин раванд интиқод мекунад ва аз пайомади он бонги хатар мезанад.

Қаблан дар ин хусус бештар рӯҳониёни тоҷик ибрози назар мекарданд, ки боиси эътирози бонувон мегардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.