Сарватмандони Русия, ки шомили рӯйхати таҳримҳои Амрико ва Ғарб шудаанд, мумкин аст, садҳо миллиард долларро ба хориҷ бурдаву дар офшорҳо пинҳон карда бошанд. Дар ин бора маҷаллаи The Wall Street Journal таҳқиқоте нашр кардааст.
Ин нашрия менависад, ки миёни онҳое, ки ба офшорҳо маблағ интиқол додаанд – Алишер Усмонов, сарватманди ӯзбектабори Русия, Сергей Чемезов, роҳбари "Ростех", Андрей Скоч, вакили Думаи давлатии Русия ва сухангӯи Крем Дмитрий Песков ҳам ҳастанд.
Рӯзноманигорон ошкор кардаанд, ширкати Bridgewaters, ки дар ҷазираи Мэн – наздикии Бритониё қарор дорад, ба сарватмандони Русия кӯмак кардааст, то дороӣ ва сармояашонро пинҳон кунанд ва ба ин тартиб, тарҳримҳои Ғарб ва ИМА-ро давр зананд.
Намояндаи Усмонов дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфтааст, сарватманд ҳаргиз талоши пинҳонсозии сарватҳояшро накарда ва бо Кремл низ рабте надорад.
Ёдовар мешавем, Алишер Усмонов – олигархи ӯзбектабори Русия зодаи вилояти Намангони Ӯзбекистон буда, мудом ба рӯйхати одамони сарватманди Русия шомил мешавад.


