Дар Малайзия Фестивали синамои Тоҷикистон баргузор шуд

Дар шаҳри Куала-Лумпур рӯзи 28-уми октябр бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Малайзия дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва ҶДММ “Golden Screen Cinemas” бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ ва 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Малайзия Фестивали синамои Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар […]

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Дар шаҳри Куала-Лумпур рӯзи 28-уми октябр бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Малайзия дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва ҶДММ “Golden Screen Cinemas” бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ ва 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Малайзия Фестивали синамои Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар маросими ифтитоҳи Фестивал намояндагони мақомоти расмии Малайзия, корпуси дипломатии муқими Куала-Лумпур, ВАО, доираҳои соҳибкорон, ходимони илму фарҳанг, инчунин ҳамватанону донишҷӯёни тоҷики муқими Малайзия иштирок карданд.

Сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ зимни суханронии худ оид ба пешрафту дастовардҳо ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Малайзия маърӯза намуда, таъкид кард, ки ин аввалин Фестивали синамои Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мебошад.

Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур мудири ҶДММ “Golden Screen Cinemas” хонум Коҳ Мей Ли суханронӣ намуд.

Дар баробари ин дар чорабинӣ асбобҳои мусиқӣ ва либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, расмҳои ҷойҳои таърихии Тоҷикистон, таомҳои миллӣ ва маводи сайёҳӣ ба маъраз гузошта шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст