Моҳи ноябр тоҷикистониёнро чӣ гуна обуҳаво интизор аст?

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, рӯзҳои 2-5 ноябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор  боқӣ монда, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ боришот (борон, барф), бо истисно аз минтақаҳои шарқии ВМКБ дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд. Гуфта мешавад, ин рӯзҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, Ноҳияҳои […]

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, рӯзҳои 2-5 ноябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор  боқӣ монда, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ боришот (борон, барф), бо истисно аз минтақаҳои шарқии ВМКБ дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд.

Гуфта мешавад, ин рӯзҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ сар задани зуҳуроти сел дар назар буда, рӯзҳои 2-3 ноябр бо сабаби боришоти бошиддат дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва  дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда якбора баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Агентӣ хабар доданд, моҳи ноябр дар ҷумҳурӣ обуҳавои 2 дараҷа поинтар аз меъёри иқлимӣ пешбинӣ мешавад.

Ҳарорати бартариятдоштаи ҳаво дар даҳрӯзаи аввали моҳ шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 7+12º гарм, рӯзона 18+23º гарм дар назар дошта шудааст. Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона аз 4+9º гарм то -2+3º, рӯзона аз 13+18º гарм то 6+11º гарм мешавад.

Давоми моҳи ноябр рӯзҳои алоҳида ба амал омадани боришот (борон, барф) пешгӯӣ шуда, лекин миқдори онҳо наздики меъёр мешавад. Дар давоми моҳ шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб бо сурати то 10-15 м/с  дар назар буда, чангу ғубор ба амал меояд.

Дар вилояти Хатлон ва водии ноҳияҳои тобеи марказ ҳарорати миёнаи моҳона рӯзона 18-23 ва охири моҳ поин рафта, 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳарорати бартариятдоштаи ҳаво дар даҳрӯзаи аввали моҳ дар водиҳо рӯзона 14+19º гарм дар назар дошта шудааст. Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, ҳарорати каме сардтар – 11-16 дараҷа гарм дар назар аст.

Дар ВМКБ ҳарорати миёнаи моҳона 17-17 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар даҳрӯзаи дуюм ва сеюми моҳ – рӯзона аз 9 то 14 дараҷа гарм.

Ҳавои нисбатан хунуктар дар ноҳияҳои шарқи ВМКБ дар назар буда, ҳарорат баъзан 10 дараҷа поинтар аз меъёри иқлимӣ ва 8-10 дараҷа хунук мешавад.

КҲФ аз хатари селу ярч ва сангреза ҳушдор медиҳад

Дар робита ба номусоидии обуҳаво дар рӯзҳои наздик, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода даъват мекунад, ки қоидаҳои бехатарии шахсӣ риоя гардида, сайру саёҳат ба кӯҳҳо, чаронидани чорво ва ҷамъоварии ҳезум ва дигар растаниҳои кӯҳӣ тавсия дода намешавад.

Боришот метавонанд ба шусташавии хок, болоравии сатҳи об дар дарёву обанборҳо, фаромадани ярчу шусташавии соҳили дарёву кӯлҳо боис гардад. Ҳамчунин хатари фаромадани селу ярч ва сангреза боқӣ мемонад. Обуҳавои ноустувор чаронидани чорворо дар чарогоҳҳо душвор месозад.

Кумита боисрор аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки кӯдаконро бе назорат нагузошта, аз қарор доштан дар наздикиҳои обанборҳо ва ба моҳидорӣ машғул шудан худдорӣ кунанд.

Дар сурати ҳолатҳои фавқулода ва ба амал омадани ягон ҳодисаи нохуш шаҳрвандон метавонанд ба телефонҳои навбатдори фаврии КҲФ муроҷиат намоянд: 112; 93 880 28 19; 221-91-19 ва 223-13-11.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.