Барои пароканда кардани эътирози духтарон. Толибон воҳиди махсуси занона таъсис доданд

Date:

Толибон* дар Афғонистон ба қабули занон ба хидмат дар яке аз воҳидҳои амнияти ҷамъиятии ВКД шурӯъ намуд, хабар медиҳад РИА Новости.

Бино ба маълумоти Вазорат, 100 нафар занон айни замон барои хидмат дар ин воҳид аз давраи омӯзишӣ мегузаранд.

Дар бораи уҳдадориҳои онҳо тибқи вазифа толибон шарҳе надодаанд. Аммо, ба ақидаи коршиносон, онҳо эҳтимол барои муқовимат бо эътирозҳои занон истифода хоҳанд шуд.

Дар як навори видеоие, ки РИА Новости дастрас кардааст, занон бо сипар ва кулоҳ муҷаҳҳаз шудаанд, ки пулис онҳоро маъмулан ҳангоми пароканда кардани тазоҳурот истифода мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Муҳаддиса Амин, як муборизи ҳуқуқи занон дар Афғонистон (РИА Новости гуфтаҳои ӯро меорад) гуфтааст, ба ин тариқ Толибон мехоҳанд аз вокуниши ҷомеа ба бераҳмӣ нисбат ба занон дар эътирозҳо пешгирӣ кунанд.

Гуфта мешавад, занон дар тазоҳурот машғули кор шуда, бо занони афғон, ки дар онҳо ширкат мекунанд, ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Тавре ки ВАО навишта буданд, моҳи август Толибон тазоҳуроти занонро бо тирпаронӣ ба ҳаво пароканда карда буданд. Моҳи сентябри соли гузашта дар як эътирози занон онҳо аз гази ашковар истифода бурданд.

ВКД ҳамчунин аз занони пулис дархост намудааст, ки шиносҳои худро, ки қаблан дар пулиси Афғонистон фаъолият доштанд, ба кор ҷалб кунанд.

Қобили зикр аст, ки пас аз сари қудрати омадани Толибон теъдоди кормандони зан дар сохторҳои қудратии Афғонистон хеле кам шуд.

Тобистони соли 2022 Толибон ба кори занон дар сохторҳои қудратӣ қисман иҷоза доданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...