Лукашенко муқобили истифодаи СААД дар ҳалли мушкилоти дохилии сиёсӣ изҳори назар кард

Президенти Беларус Александр Лукашенко изҳор дошт, ки кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) набояд созмонро барои ҳалли мушкилоти дохилии сиёсӣ истифода баранд. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлати Беларус хабар медиҳад, ин нуктаро ӯ зимни вохӯрӣ бо Дабири кулли СААД Станислав Зас баён кардааст. Гуфта мешавад, Лукашенко ва Зас вазъият дар марзи Арманистону Озарбойҷонро […]

Asia-Plus

Президенти Беларус Александр Лукашенко изҳор дошт, ки кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) набояд созмонро барои ҳалли мушкилоти дохилии сиёсӣ истифода баранд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлати Беларус хабар медиҳад, ин нуктаро ӯ зимни вохӯрӣ бо Дабири кулли СААД Станислав Зас баён кардааст.

Гуфта мешавад, Лукашенко ва Зас вазъият дар марзи Арманистону Озарбойҷонро баррасӣ карданд. Сарвари давлати Беларус доир ба ин ва дигар масъалаҳои марбут ба вазъи СААД ба таври ошкору кушода ҳарф зада, дар бораи заминаҳои мавқеигирии Беларус дар ин самт фикрашро зикр кардааст.

“Касе, ки кор кардан нахоҳад, ихтиёраш. Лекин бо касоне, ки дар Созмон кор кардан мехоҳанд, бояд фаъолият кунем ва бояд ин гурз ё поячӯби оҳаниро, ки гирдаш давр мезанему ба тамоми ҷаҳон нишон доданием, ки ҳамин гуна созмони сиёсӣ ҳаст, фаромӯш созем. Мавқеи Беларус дар ҳамин ифода меёбад ва мо ҷонибдори ҳаминем.

Лекин бидуни ягон бозие ва истифодаи СААД дар кадом як мушкилоти дохилии сиёсӣ. Ҳама чунин мкшкилот доранд, лекин СААД барои ин таъсис дода нашудааст”, – изҳор доштааст Лукашенко.

Дар пасманзари вазъият дар сарҳади Арманистону Озарбойҷон Лукашенко инчунин вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро хотиррасон намудааст.

“Ба ин муноқиша хотима бахшидан лозим аст. Худо накунад, ки дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон низ муноқиша бошад. Ин қобули қабул нест. Инро хотима додан зарур аст. Муносиб нест, ки дар доираи СААД мо ин муноқишаҳоро қатъ карда наметавонем. Мо бояд хеле ҷиддӣ ин масъалаҳоро дар иҷлосияи навбатии СААД баррасӣ кунем”, – гуфтааст президенти Беларус.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.