Нархи патент барои муҳоҷирони корӣ дар Маскав боло бурда мешавад

Дар соли 2023 арзиши патент барои муҳоҷирони корӣ, ки дар Маскав фаъолият мекунанд, то ба 6600 рубл боло бурда мешавад. Дар ин бора муовини сардори раёсати сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳри Маскав, сардори шӯъбаи таҳлили андоз Дарья Мурченко хабар додааст, менависад хабаргузории “Фергана”. “Дар соли 2022 маоши расмии муҳоҷирони корӣ дар соҳаҳои анъанавии онҳо 11,5% […]

Asia-Plus

Дар соли 2023 арзиши патент барои муҳоҷирони корӣ, ки дар Маскав фаъолият мекунанд, то ба 6600 рубл боло бурда мешавад. Дар ин бора муовини сардори раёсати сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳри Маскав, сардори шӯъбаи таҳлили андоз Дарья Мурченко хабар додааст, менависад хабаргузории “Фергана”.

“Дар соли 2022 маоши расмии муҳоҷирони корӣ дар соҳаҳои анъанавии онҳо 11,5% афзоиш ёфтааст. Дар робита ба ин, пешниҳод мешавад, ки арзиши патент мутаносибан дар як моҳ то 6600 рубл зиёд карда шавад”, – гуфтааст Дарья Мурченко.

Ҳоло муҳоҷирони хориҷие, ки дар Маскав кор мекунанд моҳона 5900 рубл барои патент пардохт мекунанд.

Қаблан мақомоти чанд минтақаи дигари Русия аз болоравии нархи патент дар соли 2023 хабар дода буданд. Масалан, дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград арзиши ҳуҷҷат аз 4200 то 4400 рубл дар як моҳ афзоиш хоҳад ёфт. Хориҷиёне, ки дар вилояти Самара кор мекунанд, бояд 5720 рубл ба ҷойи 4419 рубли қаблӣ пардохт кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.