Футзал. Тими мунтахаби Тоҷикистон дастаи Русияро бо ҳисоби 10:7 шикаст дод

Дастаи мунтахаби футболи хурд ё футзали Тоҷикистон дар нахустин бозии дӯстона, ки дирӯз, 7-уми ноябр, дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, тими мунтахаби Русия, ноиби қаҳрамони Аврупоро бо ҳисоби бузурги 10:7 шикаст дод. Федератсияи футболи Тоҷикистон навиштааст, ки вохӯрӣ дар Маҷмааи варзишии бисёрсоҳаи шаҳри Душанбе бо ҳузури беш аз 2,5 ҳазор тамошобин баргузор шуда, дастаи мунтахаби […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дастаи мунтахаби футболи хурд ё футзали Тоҷикистон дар нахустин бозии дӯстона, ки дирӯз, 7-уми ноябр, дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, тими мунтахаби Русия, ноиби қаҳрамони Аврупоро бо ҳисоби бузурги 10:7 шикаст дод.

Федератсияи футболи Тоҷикистон навиштааст, ки вохӯрӣ дар Маҷмааи варзишии бисёрсоҳаи шаҳри Душанбе бо ҳузури беш аз 2,5 ҳазор тамошобин баргузор шуда, дастаи мунтахаби Русия бо ҳисоби 10:7 аз футзалбозони Тоҷикистон шикаст хӯрд.

Чаҳор голи дастаи Тоҷикистонро Файзалӣ Сардоров ба ҳадаф расонид. Идрис Ёров, Дилшод Саломов ва Бахтиёр Солиев дуголӣ заданд.

Ҳамин тариқ, панҷ голи дастаи Русияро Янар Асадов ва ду голи дигарро Сергей Денисов ва Артём Ниёзов ба ҳадаф расониданд.

Интизор меравад, имрӯз, 8-уми ноябр, тимҳои футзали Тоҷикистону Русия дар Душанбе бозии дувуми дӯстона баргузор мекунанд. Оғози бозӣ соати 20:00 ба вақти Душанбе аст.

Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Русияро довари ФИФА Анатолий Рубаков ва Никита Афиногенов, ҳарду аз Ӯзбекистон, ҳакамӣ карданд. Доварони эҳтиётӣ довари ФИФА аз Тоҷикистон Беҳрӯз Муртазоев ва ҳамватанаш Суҳроб Сатторов буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст