Раиси собиқи Додгоҳи Хуҷанд 2 сол равонаи зиндон шуд

Ҳомидҷон Муҳаммадзода, раиси собиқи Додгоҳи шаҳри Хуҷанд бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон 2 сол равонаи зиндон шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад ва менависад, ки ҳукми додгоҳ рӯзи 11-уми ноябр содир шуд, вале нусхаи ҳукм танҳо имрӯз, 16-уми ноябр ба дасти онҳо расид. То 2 сол зиндонӣ шудани Ҳомидзода дар ҳолест, ки ӯ, […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ҳомидҷон Муҳаммадзода, раиси собиқи Додгоҳи шаҳри Хуҷанд бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон 2 сол равонаи зиндон шудааст.

Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад ва менависад, ки ҳукми додгоҳ рӯзи 11-уми ноябр содир шуд, вале нусхаи ҳукм танҳо имрӯз, 16-уми ноябр ба дасти онҳо расид.

То 2 сол зиндонӣ шудани Ҳомидзода дар ҳолест, ки ӯ, бо моддаи 319, қисми 3 гумонбар дониста шуда, ин банди Кодекси ҷиноятӣ аз 5 то 10 соли ҳабсро пешбинӣ мекунад. Сабаб ба муҳлати камтар аз тақозои қонун зиндонӣ шудани додраси собиқ маълум нест.

Хабари боздошти Ҳомидҷон Муҳаммадзода ва Рустам Маҳмадсаидзода, ҳамроҳи як вакили дифоъ Шаҳидҷон Ҳоҷибоев аввалҳои моҳи май расонаӣ шуд ва дертар Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳоро дар як посухи хаттӣ ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард.

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон гуфта буд, ки “нисбати Муҳаммадзода Ҳомидҷон Бобоҷон ва Маҳмадсаидзода Рустам Муҳаммадсаид бо моддаи 319 қисми 3 “гирифтани пора” ва нисбати Шаҳидҷон Ҳоҷибоев бо моддаҳои 36 қисми 5 “шарикони ҷиноят”, 319 қисми 3 “гирифтани пора” ва 247 қисми 4 банди “б” “қаллобӣ”-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда айни замон тафтиши пешакии он идома дорад”.

Он замон Оҷонсӣ дар бораи ҳаҷми маблағи пора хабар надода буд. Вале дертар ду ниҳоди масъул ҳаҷми пораро гуногун гуфтанд.

Аввал раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар нишасти матбуотӣ афзуд, ки Ҳомидҷон Муҳаммадзода ва Рустам Маҳмадсаидзода бо гирифтани 2,5 ҳазор доллар пора гумонбар мешаванд ва ин маблағ байни онҳо тақсим шудааст.

Баъдан, Оҷонсии зиддифасод гуфт, Муҳаммадзода ва Маҳмадсаидзода зимни гирифтан 4 ҳазор доллар пора дастгир шудаанд.

Дар ин ниҳод гуфтанд, ин ду додраси собиқ тавассути миёнарав Шоҳидҷон Ҳоҷибоев, як вакили дифоъ барои ҳал намудани парвандаи ҷиноятие, ки дар баррасии додраси собиқ Рустам Маҳмадсаидзода қарор дошт, аз ҷониби кормандони Оҷонсӣ дастгир шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки амалиёти боздошти ин ду додрас ва як вакили дифо нимаи моҳи апрели имсол сурат гирифта буд, аммо он замон ниҳодҳои расмӣ ин иттилоъро тасдиқ ва рад накарда буданд.

Рӯзи 30 май Муҳаммадзода, Маҳмадсаидзода, ҳамроҳи як додраси додгоҳи ноҳияи Сино Раҳмиддин Раҳимзода бо фармони раисҷумуҳури кишвар аз вазифа озод шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.