Шавҳар барои қатли ҳамсар 19 солу 4 моҳ равонаи зиндон шуд

Як сокини шаҳри Роғун барои қатли бераҳмонаи ҳамсараш 19 солу 4 моҳ равонаи зиндон шудааст. Дар ин бора Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки Аслиддин Авлиёев, бо ҳамсараш Дилафрӯз Саидова мунтазам муноқиша карда, нақшаи куштори барқасдонаи ҳамсарашро кашидааст. Ин ниҳод менависад, ки ҳодиса моҳи июни соли равон рух дода, Аслиддин Авлиёев ҳамсараш Дилафрӯз […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Як сокини шаҳри Роғун барои қатли бераҳмонаи ҳамсараш 19 солу 4 моҳ равонаи зиндон шудааст. Дар ин бора Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки Аслиддин Авлиёев, бо ҳамсараш Дилафрӯз Саидова мунтазам муноқиша карда, нақшаи куштори барқасдонаи ҳамсарашро кашидааст.

Ин ниҳод менависад, ки ҳодиса моҳи июни соли равон рух дода, Аслиддин Авлиёев ҳамсараш Дилафрӯз Саидоваро, ки муваққатан дар хонаи модараш истиқомат мекард, бо корди хоҷагидорӣ  бо бераҳмии махсус 12 маротиба мезанад, ки дар натиҷа, ҳамсараш ба ҳалокат мерасад.

“Авлиёев А.А. баъди ба қатл расонидани Саидова Д.Р. бо нияти аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо дур мондан, бо корди хоҷагидории бо худ овардааш якчанд зарба ба қисмати гардани худ задааст, ки дар натиҷа ӯ низ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, барои табобат дар беморхонаи шаҳри Роғун бистарӣ карда шудааст”, – омадааст дар хабарномаи прокуратура.

Гуфта мешавад, ки Аслиддин Авлиёев дар ҳолати ретсидивӣ ҷиноят содир кардааст.

Ҳамин тариқ, Аслиддин Авлиёев бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли 2022 барои одамкушӣ (моддаи 104 қисми 2, банди “е”) гунаҳкор дониста шуда, 19 солу 4 моҳ равонаи зиндон гардидааст.

Назари наздикони гунаҳкор дастрас нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.