spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Бародари Алимардонов аз боздошт раҳо шудааст? Оҷонсии зидди фасод: “дақиқ мекунем”

Пардаалӣ (Парда) Алимардонов, раиси ширкати "Баракат", бародари Муродалӣ Алимардонов, раиси пешини Бонки миллӣ ва муовини сарвазир ва ҳоло раиси "Агроинвестбонк" аз боздошт раҳо шудааст. Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон Пардаалӣ Алимардоновро барои тасарруфи ғайриқонунии 90,1 миллион сомонӣ боздошт карда буд, ки дар ҳабси пешакӣ қарор дошт.

Аз дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасод, баъд аз зуҳри имрӯз ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки онҳо дар ин бора иттилоъ надоранд ва ин хабарро дақиқ мекунанд. 

Дар ҳамин ҳол як манбаи Радиои "Озодӣ" аз Оҷонси мубориза бо фасод рӯзи 13-уми апрел гуфтааст, ки Парда Алимардонов маблағҳои кредити бонкро баргардонд ва бино бар ин, парванда алайҳи ӯ қатъ шуда, аз боздошт раҳо гардидааст.

Моҳи феврал дар нишасти хабарӣ масъулони Оҷонсӣ дар мавриди Пардаалӣ Алимардонов гуфта буданд, ки агар ӯ зарари расонидаро пурра барқарор кунад, қонуни афв нисбати ӯ татбиқ карда мешавад ва эҳтимол дорад озод шавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Бародари Алимардонов боздошт шуд, вале шояд тибқи қонуни афв озод шавад

Фахриддин Акрамзода, як масъули парвандаи Пардаалӣ Алимардонов аз Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон дар нишасти хабарии моҳи феврал гуфта буд, ки нисбат ба Пардаалӣ Алимардонов бо моддаи 246 қисми 3 КҶ ҶТ ("тасарруфи маблағҳои кредитӣ ба миқдори махсусан калон") парванда боз кардаем.

"Дар ҳоли ҳозир ӯ қисман зарари расонидаро барқарор кардааст. Агар ҳамаи зарари расонидаро барқарор кунад, нисбат ба ӯ қонун дар бораи афв татбиқ карда мешавад".

Назари хонаводаи Алимардоновҳо на дар замони расонаӣ шудани хабари боздошти Пардаалӣ Алимардонов ва на ҳоло дар бораи ин қазия ба расонаҳо дастрас нашуд. 

Пештар расонаҳо хабар дода буданд, ки ширкати "Баракат", ки раҳбари он Пардаалӣ Алимардонов мебошад, фармоишгари чойхонаи маъруф ба "Харбуза" дар шаҳри Ҳисор буд ва роҳбари ин чойхона барои тасарруфи маблағҳои калони сохтмон барои 7 сол равонаи зиндон шудааст. Ин иттилоъро Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳам дар нишасти хабарии ниҳодаш таъйид кард. Аммо шахсияти ин масъули чойхонаи "Харбуза" то кунун расонаӣ нашудааст.

Ҳамчунин дар доираи қазияи "Агроинвестбонк" раиси пешини ин бонк Фаррух Тағоймуродов ҳам боздошт шуда буд, ки ба додани бештар аз 37 миллион сомонӣ қарзи ғайриқонунӣ гунаҳкор мешавад. Ҳоло маълум нест, ки Тағоймуродов ҳам аз боздошт раҳо шудааст ё не. 

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза гуфта буд, ки дар маҷмӯъ соли 2020 дар "Агроинвестбонк" 82 миллион сомонӣ камомади пулӣ ошкор шудааст.

Мақомоти Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон дар авоили соли 2019 Муродалӣ Алимардонов, раиси "Агроинвестбонк"-ро ҳам бозпурсӣ карда буданд. Ӯ дар робита ба пули қарз ҳамчун шоҳид мавриди бозпурсӣ қарор гирифта буд. Муродалӣ Алимардонов дар гузашта раиси Бонки Миллӣ, муовини аввали нахуствазир ва яке аз шахсиятҳои бонуфуз дар ҳукумати Тоҷикистон буд.

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон гуфта буд, соли 2020 дар маҷмуъ 143 миллион сомонӣ қарзҳои мушкилситони "Агроинвестбонк"-ро иҷборан рӯёнидаанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...