Идомаи беқурбшавии рубл нисбати сомонӣ. Дар як шабонарӯз боз 2,4% поин рафт

Тайи шабонарӯзи гузашта қурби рубли Русия нисбат ба сомонӣ боз 2,4% – аз 147,5 сомонӣ барои 1000 рубл то 144 сомонӣ поин рафт. Қурби доллар ва евро нисбати сомонӣ қариб бетағйир боқӣ мемонанд: 1 доллар 10,21 сомонӣ ва 1 евро – 10,59 сомонӣ нарх доранд. Ба ин тариқ, рубл нисбати сомонӣ аз оғози ҳафтаи равон […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тайи шабонарӯзи гузашта қурби рубли Русия нисбат ба сомонӣ боз 2,4% – аз 147,5 сомонӣ барои 1000 рубл то 144 сомонӣ поин рафт.

Қурби доллар ва евро нисбати сомонӣ қариб бетағйир боқӣ мемонанд: 1 доллар 10,21 сомонӣ ва 1 евро – 10,59 сомонӣ нарх доранд.

Ба ин тариқ, рубл нисбати сомонӣ аз оғози ҳафтаи равон қариб 8% ва аз аввали моҳи декбар – 11,7% беқурб шуд.

Коҳиши қурби рубл дар ҳошияи беқурбшавии асъори Русия нисбат ба асъори асосии ҷаҳон сурат мегирад. Қурби доллар дар Биржаи Маскав имрӯз 71 рубл ва евро – 76 рублро ташкил медиҳад.

Коршиносони Русия сабаби коҳиши рублро ба таҳримҳо, камшавии воридоти асъор аз содирот ва барқарор шудани воридот нисбат медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, беқурбшавии рубл нисбат ба сомонӣ ба даромади оилаҳои муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия машғули коранд, таъсири манфӣ мерасонад.

Интиқоли маблағ бо рубл дар нуқтаҳои бонкии Тоҷикистон аз соли 2016 тибқи дастури Бонки миллӣ танҳо бо пули миллӣ ва мубодилаи он бо сомонӣ замони гирифтан дода мешаванд.

Агар дар охири моҳи ноябр оилаҳои муҳоҷирон барои 1000 рубл 163 сомонӣ мегирифтанд, пас имрӯз он ба 144 сомонӣ баробар шуд.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, дар соли 2021 ҳаҷми умумии интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 млрд долларро ташкил додааст, ки 94,3%-и он бо рубл, 5,6% – бо доллар ва 0,1% бо евро ирсол шудааст.

Маълумот дар бораи интиқоли маблағ дар соли ҷорӣ аз ҷониби Бонки марказии Русия нашр намешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.