Аз зиндони Русия ба ҷанги Украина. Ҷасади ду тоҷикро дар ватан ба хок супориданд

Дар тақрибан даҳ рӯзи охир дар вилояти Хатлон ҷасади ду нафареро дафн карданд, ки ба қавли пайвандону дӯстонашон “дар Русия зиндонӣ буданд, аммо ногаҳон дар Украина пайдову ҳангоми даргирӣ кушта шуданд”. Ҷасади Бобоазиз Тӯйдиеви 22-соларо рӯзи 12-уми декабр аз Русия ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳаш, ноҳияи Ёвон, ба хок супурданд. Манучеҳр Шодови 28-соларо дар ноҳияи […]

Мӯъмин Аҳмадӣ, Радиои Озодӣ

Дар тақрибан даҳ рӯзи охир дар вилояти Хатлон ҷасади ду нафареро дафн карданд, ки ба қавли пайвандону дӯстонашон “дар Русия зиндонӣ буданд, аммо ногаҳон дар Украина пайдову ҳангоми даргирӣ кушта шуданд”. Ҷасади Бобоазиз Тӯйдиеви 22-соларо рӯзи 12-уми декабр аз Русия ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳаш, ноҳияи Ёвон, ба хок супурданд. Манучеҳр Шодови 28-соларо дар ноҳияи Кушониён гӯронданд.

Наздиконаш мегӯянд, Бобоазиз Тӯйдиев моҳи сентябри соли 2021 ба иттиҳоми нигоҳдории маводи мухаддир дар Русия дастгир ва шаш сол аз озодӣ маҳрум шуда буд.

Ҳокимшо Шодов, падари Манучеҳр Шодов, рӯзи 21-уми декабр барои чӣ зиндонӣ шудани писарашро нагуфт, аммо афзуд, “ба ҷанг бурданашро пинҳон доштанд. Чизе гуфта наметавонам, даъво ҳам надорам, писарамро куштанд”. Дӯстонаш мегӯянд, ӯ дар як зиндони шаҳри Санкт-Петербург буд.

Бар асоси омори ду сол пеш дар боздоштгоҳу зиндонҳои Русия ҳудуди 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро нигоҳ медоранд. Бино ба баъзе гузоришҳо, яке аз ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ҳамла дар тамрингоҳи Белгород гумонбар аст, то рафтан ба артиш дар зиндони вилояти Брянск будааст. Аз ӯ Меҳроб Раҳмонов ном мебаранд.

“Ӯро маҷбурӣ бурдаанд”

Мақомоти Тоҷикистон аз зиндон ба ҷанг рафтани шаҳрвандони ин кишварро тасдиқ ё рад накардаанд. Пештар дар намояндагии Тоҷикистон дар Екатеринбург гуфта буданд, ки бо тоҷикони зиндонӣ дар тамоми минтақаи Урал тамоси доимӣ доранд, вале дар ин бора “ягон шикояту иттилои дақиқ” нагирифтанд.

Тоҳир Тӯйдиев, падари Бобоазиз Тӯйдиев, мегӯяд, писараш рӯзи 23-юми сентябри имсол телефонӣ ба ӯ хабар дод, ки “ба ҷанг мебаранд”. “Гуфтам, ки набояд биравад, вале Бобоазиз гуфт, илоҷи дигар надорад. Эҳсос мешуд, ки ӯро маҷбурӣ ба саҳнаи даргирӣ бурдаанд”, — нақл кард ӯ рӯзи 20-уми декабр.

Камолхӯҷа Ғоибов, тағои Бобоазиз Тӯйдиев, ки барои овардани ҷасад рафта буд, мегӯяд, “мақомоти Русия ҳеч кумак накарданд”. Ӯ афзуд, ҳайрон аст, ки чӣ гуна як ҷавони бетаҷрибаро, ки “боре ба даст силоҳ нагирифта буд”, ба ҷанг бурдаанд.

“Аз пушти сараш зарб хӯрда, тақрибан нисфи сараш набуд. Мақомоти Русия, ки барои ширкат дар ҷанг ваъдаи кумаки молӣ мекунанд, ба мо ягон маблағ надоданд. Ҷасадро ба кумаки муҳоҷирон ба ватан овардем”, – гуфт ӯ.

Сомонаи “Медиазона” чанде қабл бо такя ба маълумоти Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Русия (ФСИН) навишт, ки дар моҳҳои сентябр ва октябри имсол теъдоди маҳбусон дар зиндонҳои мардонаи ин кишвар, ки дар миёнашон тоҷикон низ ҳастанд, 23 ҳазор нафар кам шудааст. “Медиазона” навишт, камшавии бесобиқаи маҳбусон ба сафарбарии онҳо ба ҷанги Украина вобастааст, ки аз тарафи ширкати “ЧВК Вагнер” анҷом мешуд.

“Шарт мегузоранд, ки…”

Пас аз он ки Русия дар ҷанги бедалелаш зидди Украина талафоти зиёд дод ва даргирӣ бархилофи пешбиниҳо тӯлонӣ шуд, ин кишвар ба нерӯи изофӣ зарурат пайдо кард. Бино ба гузоришҳо ва аксу наворҳое, ки то ҳоло дастраси Радиои Озодӣ шуданд, таблиғоти густурдае барои ҷалби муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар Русия барои иштирок дар ҷанги Украина ҷараён дорад.

Аз ҷумла, дар деворҳои маркази муҳоҷирати “Сахарово”-и Маскав бо забони модарии муҳоҷирон навиштаанд, ки қарордодӣ ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия бипайванданду осон соҳиби шаҳрвандӣ шаванд. Кишварҳои муҳоҷирфиристе ба мисли Тоҷикистону Ӯзбекистон аз шаҳрвандони худ дар Русия хостаанд, ки ба ҷанг нараванд, чун ҷавобгарии ҷиноӣ дорад.

Пойгоҳи “Sota” рӯзи 19-уми декабр дар Телеграм навишт, мақомоти Русия муҳоҷиронро дар Маскав ба бастани шартнома барои иштирок дар ҷанги Украина “даъват доранд”.

Як муҳоҷири тоҷик гуфт, “агар санад дуруст бошад, таблиғ мекунанд, вале агар мушкили ҷиддие пайдо шавад, таҳдид. Шарт мегузоранд, ки ё ба артиш мераведу соҳиби шаҳрвандӣ мешавед ё аз Русия меронем. Ба муҳоҷироне, ки ҷиноят кардаанд ё қонунро риоя накардаанд, бар ивази озодӣ чунин пешниҳод медиҳанд”. Ҳамсуҳбати мо дар Русия аст ва ба сабаби пеш наомадани мушкил нахост, номашро нависем.

Русия рӯзи 24-уми феврали имсол бесабаб ба Украина ҳамла кард. Таҳқиқоти якҷояи Би-би-сӣ ва хабарнигорони “Медиазона” маълум кардааст, ки то рӯзи 9-уми декабр даҳ ҳазор сарбози рус кушта шудааст. 430 нафари онҳо шахсоне будаанд, ки баъд аз эълони “мобилизатсия” ба ҷанг сафарбар шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.