Боздошти хонандагоне, ки як талабаи мактабро латукӯб кардаанд

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (РВКД) дар шаҳри Душанбе аз боздошти хонандагони чанд мактаби шаҳри Душанбе хабар дод, ки бо маслиҳати пешакӣ як хонандаи синфи 8-и пойтахтро латукӯб кардаанд. Милитсияи пойтахт, аз хонандагон ном набурдааст ва танҳо ишора кардааст, ки онҳо хонандагони мактабҳои  №77, №78 ва №57 буда, як хонандаи синфи 8-уми маткби №5-ро латукӯби шадид […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (РВКД) дар шаҳри Душанбе аз боздошти хонандагони чанд мактаби шаҳри Душанбе хабар дод, ки бо маслиҳати пешакӣ як хонандаи синфи 8-и пойтахтро латукӯб кардаанд.

Милитсияи пойтахт, аз хонандагон ном набурдааст ва танҳо ишора кардааст, ки онҳо хонандагони мактабҳои  №77, №78 ва №57 буда, як хонандаи синфи 8-уми маткби №5-ро латукӯби шадид кардаанд ва ҷараёни латукӯбро ба навор гирифта дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намудаанд.

Гуфта мешавад, ки ҳодиса рӯзи 30-юми ноябри соли ҷорӣ, тақрибан соати 13:00 дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе рух додааст.

“Айни замон ҳамаи гумонбарон дастгир гардида, аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ маводҳои лозима тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад”, – омадааст дар иттилоия.

Дар бораи сабабу омили латукӯб чизе гуфта нашудааст.

Шоми 25-уми декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори муноқиша ва зери латукӯб қарор додани як ноболиғ аз ҷониби гурӯҳи наврасон, ки зоҳиран хонандагони мактаб буданд, нашр гардид. Он миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тундеро ба миён овард ва онҳо аз мақомоти дахлдор, махсусан милитсияи Душанбе дархост карданд, ки гунаҳкорон боздошт ва ҷазо дода шаванд.

Ёдовар мешавем, ки чанд пеш волидайни чанд духтари ноболиғ аз шаҳри Исфара, ки навори лаҳзаи латукӯби як духтари ноболиғ аз сӯи онҳо, боиси сару садо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардид, бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон) муҷозот гардида буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.