Ҷамолиддин Нуралиев аз раёсати Бонки миллии Тоҷикистон хориҷ шуд

Ҷамолиддин Нуралиев, домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки 7 сол дар симмати муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият кардаву моҳи июни имсол аз вазифа сабукдӯш гардида буд, аз ҳайати раёсати БМТ низ хориҷ карда шуд. Дар ин бора фармони Президенти Тоҷикистон 13 декабри соли 2022, таҳти № 481 содир шуда, дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқии […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ҷамолиддин Нуралиев, домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки 7 сол дар симмати муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият кардаву моҳи июни имсол аз вазифа сабукдӯш гардида буд, аз ҳайати раёсати БМТ низ хориҷ карда шуд. Дар ин бора фармони Президенти Тоҷикистон 13 декабри соли 2022, таҳти № 481 содир шуда, дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон интишор ёфтааст.

Бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, Ҷамолиддин Нуралиев аз раёсати БМТ хориҷ ва ба ҷои ӯ ду нафар – Фирӯз Шарифзода ва Алиҷон Салимзодаро, муовинони нави раиси БМТ ба ҳайси аъзои ҷадиди раёсати бонк таъйин шудаанд.

Ҷамолиддин Нуралиев, ки 7 соли ахир, аз моҳи майи соли 2015 то июни 2022, ба ҳайси муовини раиси БМТ фаъолият дошт, моҳи июни соли равон бо имзои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва розигии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ин мансаб барканор шуд.

Бояд гуфт, дар фармони ба имзо расонидаи раисиҷумҳур сабаби барканории Ҷамолиддин Нуралиев “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” гуфта мешуд, аммо бо гузашти 6 моҳ маълум нест, ки ӯ ба кадом кори дигар таъйин шудааст.

Ҷамолиддин Нуралиев домоди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва шавҳари Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон буда, қаблан дар вазифаҳои муовин ва муовини аввали вазири молияи кишвар низ фаъолият кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио