“Қарз”-и “Барқи тоҷик” 28 млн доллар кам карда шуд

Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки қарзи ШСХК “Барқи тоҷик” назди ҶСК “НБО Сангтӯда-1” ба маблағи 282,4 млн сомонӣ (28 млн доллар), ки аз хариди неруи барқ ба амал омадааст, кам карда шавад. “Маблағи мазкур ҳамчун ҳиссаи муассис дар сармояи оинномавии ШСХК "Барқи Тоҷик" ба ҳисоб гирифта шавад”, – гуфта мешавад дар қарори ҳукумат, ки 20 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки қарзи ШСХК “Барқи тоҷик” назди ҶСК “НБО Сангтӯда-1” ба маблағи 282,4 млн сомонӣ (28 млн доллар), ки аз хариди неруи барқ ба амал омадааст, кам карда шавад.

“Маблағи мазкур ҳамчун ҳиссаи муассис дар сармояи оинномавии ШСХК "Барқи Тоҷик" ба ҳисоб гирифта шавад”, – гуфта мешавад дар қарори ҳукумат, ки 20 декабри соли равон қабул шудааст.

Дар ин санади дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашршуда зикр мегардад, ки маблағи мазкур ҳамчун пардохти қисми қарзи ширкати "Барқи Тоҷик" дар назди ҶСК "НБО Сангтӯда-1" ба ҳисоб гирифта мешавад.

Мувофиқи қарор, ба маблағи ба ҳамин баробар (282,4 млн сомонӣ) қарзи “НБО Сангтӯда-1” аз андоз, ки то 1 ноябри соли ба вуҷуд омадааст, кам карда мешавад.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҶСК “НБО Сангтӯда-1”, ҳаҷми умумии қарзи “Барқи тоҷик” ба ин Ҷамъият то 30 нобяри соли 2022 ҳудуди 2 млрд 592 млн сомонӣ (беш аз 254 млн доллар)-ро ташкил дода буд.

Қаблан зикр гардида буд, ки қарзи “Барқи тоҷик” аз ҳисоби барқи гирифтааш аз неругоҳи “Сангтӯда-1” аз 1 октябри соли 2021 то октябри соли 2022 қариб ба андозаи 30% афзуд.

Ба иттилои манбаъ, аз оғози соли 2022 “Барқи тоҷик” аз ин неругоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон ҳудуди 1,2 млрд киловатт-соат барқ гирифтааст. Сатҳи миёнаи пардохт аз оғози соли 2022 ҳамагӣ 33% аз арзиши барқи интиқолёфтаро ташкил додааст.

Қобили зикр аст, ки ШСХК “Барқи тоҷик” ягона харидори неруи барқи “НБО Сангтӯда-1” мебошад.

ҶСК «Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст. Ҳиссаи ширкатҳои русиягӣ дар сармояи оинномавии неругоҳ – 75% тарҳи 1 саҳмия ва ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон – 25% ҷамъи 1 саҳмия аст.

Низоми муқаррашудаи баргардонидани қарз?

Зимнан, аз эътибор соқит намудани қарзи “Барқи тоҷик” тибқи ин низом аллакай ба таври муназзам сурат гирифта, ин амал тақрибан ҳар сол сурат мегирад.

Бархе аз коршиносон ин амалро ғайриқобили қабул ва ноодилона хонда, онро як навъ "кумакпулии дуҷониба" унвон мекунанд, ки барои яке пардохтҳои ҳатмӣ бахшида шуда, бархеи дигар барои каме таъхири пардохт ҷарима мешаванд.

Қарзи умумии кредитории “Барқи тоҷик” то аввали нимсолаи якуми соли ҷорӣ 32 млрд сомонӣ (ҳудуди 3,1 млрд доллар)-ро ташкил дод.

Аз ҷумла, қарз ба  Неругоҳи “Сангтӯда-2” 2,8 млрд сомонӣ, “Сангтӯда-1” – 2,4 млрд сомонӣ, “Ориёнбонк” – 2 млрд сомонӣ ва ба Вазорати молия (ҳукумат) – 23,6 млрд сомониро ташкил дод.

Қарз дар назди Вазорати молия аз ҳисоби амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши электроэнергетика ба вуҷуд омадааст. Барои татбиқи ин лоиҳаҳо дар солҳои гуногун қарзҳои ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ ва кишварҳои ҷудогона ҷалб шуданд. Бо истифода аз ин қарзҳо неругоҳҳои барқи обӣ таъмиру навсозӣ гардида, хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо, инчунин дигар иншооти зербиноӣ сохта шуданд.

Қарзи кредитории ширкати “Барқи тоҷик” ба аз се як ҳиссаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли гузашта баробар аст.

Дар ҳамин ҳол, қарзи дебитории ширкат (қарзҳои дигарон аз худи ширкат) ба ҳолати 1 июли ҳамин сол зиёда аз 3,4 млрд сомониро ташкил додааст, аз ҷумла аҳолӣ барои истифодаи барқ 1,3 млрд сомонӣ қарздор шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.