Ба яке огоҳӣ доданд, дуввумиро аз кор ронданд. Ҷазои ду ронанда барои баҳси ноҷо ва тамбашавии роҳ

Date:

Нисбати ду ронандаи хатсайри микроавтобуси №2, ки бо таваққуфи нодуруст боиси тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳ гардидаанд, чораҳои зарурӣ андешида шудааст: ба яке огоҳӣ дода, дуввумиро аз кор рондаанд.

“Душанбенақлиётхадамотрасон” ниҳоде, ки хидматрасониҳои нақлиётро дар пойтахт танзим мекунад, бо нашри як иттилоия аз ронандагон Шодмон Одинаев ва Умед Содиқов ном бурд, ки қоидаҳои ҳамлу нақли мусофиркашониро риоя накарда, воситаҳои нақлиёти худро дар ҷойҳои номуайян таваққуф ва бо ҳамдигар баҳс кардаанд, ки дар натиҷа ба дигар иштирокдорони ҳаракат дар роҳ халал эҷод гардида, тамбашавии роҳ ба миён омадааст.

Манбаъ гуфт, дар асоси бандҳои дахлдори шартномаи тарафайн ба Шодмон Одинаев огоҳӣ дода шуда, Умед Содиқов, ки қаблан ба чунин камбудиҳо роҳ дода буд, шартномаи яктарафа қатъ ва фаъолияти мусофирбарии ӯ дар хатсайри мазкур боздошта шуд.

Ёдовар мешавем, ки навори гузоштани нақлиёти худ дар ҷой номуайяншуда ва бо ҳамдигар баҳс намудани ронандагон, ки боиси тамбашавии роҳ гардид, чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид ва соҳибони навор аз мақомот хостанд нисбати онҳо ҷораҷӯи кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...