Имсол дар Тоҷикистон сохтмони кадом роҳҳо оғоз мешавад?

Соли 2023 дар Тоҷикистон 5 лоиҳа оид ба таъмиру навсозии роҳҳо, сохтмони пул (кӯпрук) ва долонҳои (галереяҳои) муҳофизат аз тарма амалӣ мешавад. Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, мувофиқи лоиҳаҳо дар кишвар ба сурати умум таъмиру навсозии қариб 214 км роҳҳои автомобилгард  ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, барқарорсозии роҳи мошингарди Гулистон-Кӯлоб (32,5 км), Данғара-Гулистон […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Соли 2023 дар Тоҷикистон 5 лоиҳа оид ба таъмиру навсозии роҳҳо, сохтмони пул (кӯпрук) ва долонҳои (галереяҳои) муҳофизат аз тарма амалӣ мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, мувофиқи лоиҳаҳо дар кишвар ба сурати умум таъмиру навсозии қариб 214 км роҳҳои автомобилгард  ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла, барқарорсозии роҳи мошингарди Гулистон-Кӯлоб (32,5 км), Данғара-Гулистон (49,2 км), Гулистон-Фархор (40 км), Бохтар-Левакант-Данғара (40 км) ва 4 қитъаи роҳи дар вилояти Суғд оғоз мегардад.

Ғайр аз ин, сохтмони пулҳо дар болои дарёҳои Ғунд ва Шофдарё, долонҳои муҳофизат аз тарма дар мавзеи Барсеми ВМКБ (4,6 км) шурӯъ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Вазорат, дар давраи се соли наздик дар ҷумҳурӣ 317 км роҳҳои автомобилгарди байнулмилалӣ, 32 пул, 5 нақби масофаашон 11,2 км ва 7 долони муҳофизат аз тарма ба истифода дода мешавад.

Дар Вазорати нақлиёт зикр мекунанд, ки ҳадаф аз татбиқи ин лоиҳаҳо – табдили Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ аст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон рӯзи 23 декабри соли 2022 зикр кард, ки “корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар чор соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо дар байни 138 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50-умро устувор нигоҳ дорад”.

Зикр шуд, ки дар соли 2022 татбиқи 3 лоиҳаи сармоягузорӣ, аз ҷумла таҷдиди як қисми роҳи мошингарди Данғара – Бохтар (29 километр) ва роҳи мошингарди Душанбе – Кулма дар қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон (93 километр) оғоз гардид.

Ҳамзамон бо ин, татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод (76 километр) бомаром идома дошта,  корҳои лоиҳакашӣ оид ба таҷдиду бунёди роҳҳои мошингарди Хуҷанд – Конибодом ва Рӯшон – Хоруғ – деҳаи Варшез оғоз шуданд.

Ба иттилои Вазорати нақлиёт, айни замон дар соҳаи нақлиёти кишвар 17 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 11 млрд сомонӣ амалӣ мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.