Эҳтимоли то 4,1 млрд доллар расидани қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли 2023

Ҳукумати Тоҷикистон зиёдшавии қарзи хориҷии кишварро дар соли равон ба миқдори 140 млн доллар дар нақша дорад. Дар Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2022 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2023-2024 гуфта мешавад, афзоиши ҳаҷми қарзи хориҷӣ аз 3,96 млрд доллар дар 1 январи соли 2023 то ба 4,1 млрд доллар дар ҳамин […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон зиёдшавии қарзи хориҷии кишварро дар соли равон ба миқдори 140 млн доллар дар нақша дорад.

Дар Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2022 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2023-2024 гуфта мешавад, афзоиши ҳаҷми қарзи хориҷӣ аз 3,96 млрд доллар дар 1 январи соли 2023 то ба 4,1 млрд доллар дар ҳамин давраи соли 2024 дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, муаллифони санад коҳиши таносуби қарзи берунаро ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мутаносбан аз 41,6% то 40,9% пешгӯӣ мекунанд. Ин пешгӯӣ ба интизории афзоиши ҳаҷми ММД аз 9,53 млрд доллар дар соли 2022 то ба 10,4 млрд дар соли 2023 асос ёфтааст.

Дар соли ҷорӣ ҳукумат азхудкунии беш аз 300 млн доллар маблағҳои қарзӣ ва баргардонидани қарзи хориҷиро аз ҳисоби буҷет ба маблағи ҳудуди 253 млн доллар ба нақша гирифтааст.

Қарздиҳандаи асосии хориҷии Тоҷикистон Бонки содироту воридоти Чин мебошад, ки қарз аз ин ниҳоди молиявӣ зиёда аз 1 млрд долларро ташкил медиҳад. Қарзҳои кишвар ба Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Хазинаи байнулмилалии асъор, Бонки исломии рушд ва қарзҳо аз евробондҳо низ зиёданд.

Ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ чандин маротиба ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия доданд, ки аз ҷалби қарзҳо бидуни имтиёз худдорӣ кунад.

Дар таҳлили муштараки устувории қарзи Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли 2022 аз ҷониби мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор гузаронида шуд, ҷумҳуриро аз хавфи баланди буҳрони қарзи ҳам хориҷӣ ва ҳам дар маҷмӯъ қарзи давлатӣ огоҳ карданд.

Дар Гузориши Бонки ҷаҳонӣ оид ба хароҷоти давлатии Тоҷикистон, ки нимаи моҳи ноябри соли гузашта ба нашр расида буд, зикр гардид, ки сатҳи баланди қарзи кишвар яке аз масъалаи ҷиддии осебпазирии ҷумҳурӣ мебошад, ки дар дурнамои миёнамуҳлат ҳукумат ба он дучор мешавад.

Ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода шуд, ки аз ҷалби қарз бидуни имтиёз худдорӣ варзида, ба ин тариқ хатари буҳрони қарзиро коҳиш диҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.