Капитани мунтахаби футболи Тоҷикистон ба дастаи “Андиҷон”-и Ӯзбекистон гузашт

Date:

Ҳимоятгари дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе ва капитани мунтахаби Тоҷикистон Аҳтам Назаров ҳунарнамоии минбаъдаи худро дар тими “Андиҷон”-и Ӯзбекистон давом медиҳад, хабар медиҳад дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Истиқлол”.

Акнун ӯ дар мусобиқаи чемпионати Суперлигаи Ӯзбекистон бозӣ хоҳад кард.

Аҳтам Назаров аз соли 2013 дар бошгоҳи “Истиқлол” бозӣ карда, субҳи имрӯз ба қароргоҳи тими “Андиҷон” раҳсипор шуд.

Давраи тамрину омодагии футболбозони дастаи Андиҷон (шаҳри Андиҷон) дар шаҳри Анталияи Туркия ҷараён дорад. Дар ин ҷо ӯ бо ин тим қарордоди дусола ба имзо мерасонад.

Қаблан дар мусоҳиба бо “Азия-Плюс” Аҳтам Назаров изҳор дошта буд, ки дар бисёр бошгоҳҳо бозӣ карда, вале дар “Истиқлол” футболбози ҳақиқӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш боз як футболбози дигари тоҷик – нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Муҳаммадҷон Раҳимов ба ҳайати дастаи “Насаф”-и Қаршӣ (Ӯзбекистон) гузашта буд.

Дар мавсими нави футболи Суперлигаи Ӯзбекистон ӯ дар ҳайати ҳамин даста бозӣ мекунад. Қарордодаш то охири соли 2023 баста шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...