Истеҳсоли доруворӣ аз маводи мухаддири мусодирашуда. Дар Тоҷикистон чунин шароит ҳаст?

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ба миқдори 4 тоннаю 160 грамм маводи мухаддир мусодира кардааст, ки ин нисбат ба соли гузашта камтар будааст. Соли 2021 маводи мухаддири мусодирашуда 4 тоннаю 83 килограммро ташкил намуда буд. Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовар имрӯз, 3-юми феврал, зимни нишасти […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ба миқдори 4 тоннаю 160 грамм маводи мухаддир мусодира кардааст, ки ин нисбат ба соли гузашта камтар будааст. Соли 2021 маводи мухаддири мусодирашуда 4 тоннаю 83 килограммро ташкил намуда буд.

Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовар имрӯз, 3-юми феврал, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Дар робита ба имконияти коркарди маводи мухаддири мусодирашуда барои истеҳсоли доруворӣ, роҳбари Агентии мазкур гуфт, ки “ҳоло дар ҷумҳурӣ чунин имконият вуҷуд надорад”.

“Дар таркиби маводи мухаддири мусодирашуда ҳар гуна маводҳои ба саломатӣ зараррасон буданаш аз эҳтимол дур нест ва дар Тоҷикистон имкони тоза кардани он айни замон вуҷуд надорад”, – гуфт Ҳабибулло Воҳидзода.

Ҳамин тавр, ба қавли ӯ, соли 2022 аз ҷониби ин ниҳод 681 ҷинояти мухаддиротӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 3 дарсад камтар аст. Соли 2021 707 ҷиноят ба қайд гирифта шуда буд.

“Дар робита ба ин, соли 2022 аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовар нисбат ба 147 нафар парванда боз шуда, ба суд ирсол гардид”, – гуфт Ҳабибулло Воҳидзода.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 4 ҳазору 381 нафар нашъаманд, аз ҷумла 101 зан ба қайд гирифта шудааст, ки ин иншондиҳанда низ нисбат ба соли гузашта камтар аст. Ин нишондиҳанда соли 2021 4 ҳазору 749 нафар буд, ки 107 нафарро занон ташкил медоданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.