НАВШУДА. Сафорати Тоҷикистон дар Туркия: Дақиқ хоҳем кард, ки миёни қурбониёни заминларза шаҳрванди мо ҳаст ё не

Date:

Айни ҳол, оид ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон миёни қурбониёни заминларза дар Туркия иттилоъе нест. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Туркия ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

“Ҳоло мо талош дорем мушаххас кунем, ки оё дар миёни фавтидагон шаҳрвандони хориҷӣ вуҷуд доранд ё не. Баробари пайдо шудани чунин маълумот, мо дақиқ хоҳем кард, ки оё дар миёни онҳо шаҳрвандони мо ҳастанд ё не", – гуфтанд аз Сафорат.

Намояндагии дипломатӣ итминон дод, ки “ҳангоме ба даст овардани иттилоъ, ҳатман хабар хоҳанд дод”.

Дар ҳамин ҳол, аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия хабар доданд, ки барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои Қаҳраманмараш, Хатай, Османия, Адияман, Газиантеп, Шанлиурфа, Диярбакир, Малатия ва Адана қарор доранд ва аз заминларзаи субҳи 6-уми феврал зарар дидаанд, телефони бовариро фаъол намудааст.
Тел: + 90 312 491 16 07
        + 90 538 594 32 10 (WhatsApp)

Бояд гуфт, ки субҳи имрӯз дар дар ҷанубу шарқии Туркия, дар наздикии марз бо Сурия заминларзаи шадид рух дод.

Тибқи маълумоти охирин, дар пайи ин заминларза беш аз 500 нафар ҳалок шуданд: шумораи ҳалокшудагон дар Туркия ба 284 нафар расида, дар Сурия бошад беш аз 230 нафар ҷон бохтанд.

Шиддати заминларза дар умқи 17,9 километр, дар наздикии шаҳри Ғозиантеп – шаҳре, ки беш аз 1 миллион нафар аҳолӣ дорад, 7,8 дараҷа будааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...