Наҷотдиҳандагони тоҷик ба Туркия расиданд ва озими шаҳри Қаҳрамонмараш шуданд

Наҷотдиҳандагони тоҷик ба Истанбул расиданд ва ҳоло ба сӯи шаҳри Қаҳрамонмараш, ки дар пайи заминларзаи шадид дар Туркия бештар хисорот дидааcт, равон мешаванд. Субҳи 9-уми феврал 50 наҷотдиҳандаи тоҷик, як ҷарроҳ ва як имдодгар ба Туркия расиданд ва дар назар аст, ки онҳо аввал ба шаҳри Ғозиантеп ва баъд ба шаҳри Қаҳрамонмараш равона шаванд. Наҷотдиҳандагон […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Наҷотдиҳандагони тоҷик ба Истанбул расиданд ва ҳоло ба сӯи шаҳри Қаҳрамонмараш, ки дар пайи заминларзаи шадид дар Туркия бештар хисорот дидааcт, равон мешаванд.

Субҳи 9-уми феврал 50 наҷотдиҳандаи тоҷик, як ҷарроҳ ва як имдодгар ба Туркия расиданд ва дар назар аст, ки онҳо аввал ба шаҳри Ғозиантеп ва баъд ба шаҳри Қаҳрамонмараш равона шаванд.

Наҷотдиҳандагон бо худ таҷҳизоти зарурии наҷотро бурдаанд, ки барои анҷоми корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷоти дармондагон аз зери биноҳои фурӯрафта зарур аст. Дар ин хусус, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ медиҳад.

Ҳамчунин аз Тоҷикистон ба Туркия кумакҳои башардӯстона, аз ҷумла хайма, сару либоси зимистона ва ғизо фиристода шудааст.

Бояд гуфт, ки сокинони Душанбе даъвати кумак ба осебдидагон аз заминларза дар Туркияро дастгирӣ намуда, аз дирӯз ба Сафорати Туркия, ки дар он ҷо нуқтаи ҷамъоварии кӯмак боз шудааст, либоси гарм ва дигар лавозимоти зарурӣ меоранд.

Сафири Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар ба ҳамаи тоҷикистониён барои хоҳиши кумак ба осебдидагон аз заминҷунбӣ дар кишвараш изҳори сипос кард.

“Ин кумакро дар хотир медорем ва дар дил сабт мекунем. Мо самимона умедворем, ки на Туркия ва на Тоҷикистон дигар шоҳиди чунин офатҳои табиӣ нахоҳанд шуд. Аммо, бо вуҷуди ин, мехоҳем зикр кунем, ки агар Тоҷикистон зарурат эҳсос кунад, Туркия ҳамеша дар паҳлӯи мардуми тоҷик хоҳад буд”, – изҳор дошт сафир.

Бояд гуфт, ки Туркия ва Суриявро субҳи барвақти рӯзи 6-уми феврал заминларзаи шадид бо қувваи 7,7 балл такон дод. Худи ҳамон рӯз заминларза бо ҳамин шиддат такрор ёфт, ки ин миқёси харобиҳоро зиёд ва теъдоди қурбониёну маҷрӯҳонро афзуд.

Дар хусуси тоҷикони муқими Туркия ва шароити онҳо то ҳол маълумоти эътимоднок дар даст нест. Маълум нест, ки касе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи ин офати табии зарар дидааст ё не.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.