Душанбе. 26-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи гузориши Маркази иттилооти СММ, Қарордоди минтақаи озод аз силоҳи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ аз 21-уми март мавриди амал қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, зери созишномаи шаҳри Семипалатинск аз 8-уми сентябри соли 2006 кишврҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон имзо гузошта буданд. Кишварҳои узви созишнома ӯҳдадор шуданд, ки истеҳсол, харидорӣ ва ҷой додани силоҳи ҳастаӣ, ҷузъиёти он ва дигар таҷҳизоти таркандаи ҳастаиро дар қаламрави кишварашон манъ созанд. Дар ҳамин ҳол, тибқи қарордод, роҳандозхии фаъолият оид ба рушди энергетикаи ҳастаии сулҳомез манъ карда нашудааст.
Чунин минтақаҳои озод аз силоҳи ҳастаӣ дар Амрикои Лотинӣ, Африқо, минтақаи Уқёнуси Ором ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ таъсис дода шуда, беш аз 100 кишвари дунёро муттаҳид месозанд.


