Қазоқистон ба Тоҷикистон 5 ҳазор тонна мазут кумак кардааст

Гуфта мешавад, кумакро Валихан Туреханов, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон ба Нурмаҳмад Аҳмадзода, директори Агентии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон ва дигар намояндагони масъул имрӯз, 21-уми феврал, супоридааст. “Ёрии башардӯстона – ин саҳм гузоштан дар таъмини амнияти энергетикӣ, нишони бародарӣ ва эҳтироми мутақобила буда, хоси муносибатҳои дӯстонаи Қазоқистону Тоҷикистон мебошад”, – гуфта мешавад дар иттилоияи сафорати Қазоқистон […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Гуфта мешавад, кумакро Валихан Туреханов, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон ба Нурмаҳмад Аҳмадзода, директори Агентии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон ва дигар намояндагони масъул имрӯз, 21-уми феврал, супоридааст.

“Ёрии башардӯстона – ин саҳм гузоштан дар таъмини амнияти энергетикӣ, нишони бародарӣ ва эҳтироми мутақобила буда, хоси муносибатҳои дӯстонаи Қазоқистону Тоҷикистон мебошад”, – гуфта мешавад дар иттилоияи сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки кумаки Қазоқистон дар пайи сард омадани зимистони имсола ва барои муътадил нигоҳ доштани кори иншооти муҳимми энергетикии Тоҷикистон расонида шудааст.

Нурмаҳмад Аҳмадзода дар маросими супоридани кумак муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистонро судманд арзёбӣ намуда, гуфтааст, ба равобити ду давлат, ки бар асоси анъанаҳои устувори таърихӣ бунёд ёфтаанд, рӯҳияи дӯстии мустаҳкам ва эҳтироми мутақобила хос мебошад.

“Расонидани кумакҳои башардӯстона мутақобила буда, дар асоси принсипҳои дастгирии мутақобила, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек анҷом дода мешавад”, – гуфта мешавад дар хабарномаи сафорат.

Кумаки 5 ҳазор тонна мазут аз ҷониби Қазоқистон дар ҳолест, ки дар авҷи сардиҳо аҳолии пойтахт аз мушкил дар кори низоми гармидиҳии шаҳр шикоят карданд ва мақомот яке аз сабабҳоро камбуди газу мазут дар марказҳои барқу гармидиҳӣ гуфта буданд.

Аз ҷумла, масъулини Маркази барқу гармидии №1, ки асосан бо гази Ӯзбекистон ва мазут фаъолият мекунад, гуфтанд, камбуди газу мазут доранд ва сарвазиру вазири энергетика барои воридоти газу мазут бо Ӯзбекистон ба мувофиқа расидаанд. Ҳамин тариқ, маълум нашуд, ки онҳо барои воридоти чӣ миқдор газу мазут ба мувофиқа расидаанд.

Дар Тоҷикистон мазут асосан барои маркази барқу гармидиҳӣ истифода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2022-юм 1 млн 249, 4 ҳазор тонна маҳсулоти нефтӣ ва гази моеъ ба кишвар ворид гардид, ки аз ин 319,8 ҳазор тонна бензин, 387,2 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 59,9 ҳазор тонна сӯзишвории реактивӣ, 0,08 ҳазор тонна мазут, 28,4 ҳазор тонна битум, 15,5 ҳазор тонна равғанҳои молиданӣ, 1,2 ҳазор тонна дигар намуди маҳсулоти нафтӣ, 40,6 ҳазор тонна кокси нафтӣ ва 396,7 ҳазор тонна гази моеъ мебошад.

Воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ нисбат ба соли 2021-ум 153,3 ҳазор тонна ва ё 14 % зиёд шудааст.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.