Дар ноҳияи Рӯшон тайи 1 шабонарӯз 38 тарма фаромад

Рӯзи 21 феврал дар қаламрави Тоҷикистон ҳодисаҳои фаромадани тарма ва селҳо ба мушоҳида расид. Танҳо дар қаламрави роҳҳои байни деҳаҳои ноҳияи Рӯшони ВМКБ 38 тарма фаромад. “Дар натиҷаи гармшавии ҳаво дар рӯзҳои ахир ва боридани барф тармафароиҳо идома доранд. Роҳҳо байни деҳаҳо муваққатан баста аст”, – гуфтанд дар Кумита. Дар километри 426-уми роҳи мошингарди Дарвоз […]

Asia-Plus

Рӯзи 21 феврал дар қаламрави Тоҷикистон ҳодисаҳои фаромадани тарма ва селҳо ба мушоҳида расид. Танҳо дар қаламрави роҳҳои байни деҳаҳои ноҳияи Рӯшони ВМКБ 38 тарма фаромад.

“Дар натиҷаи гармшавии ҳаво дар рӯзҳои ахир ва боридани барф тармафароиҳо идома доранд. Роҳҳо байни деҳаҳо муваққатан баста аст”, – гуфтанд дар Кумита.

Дар километри 426-уми роҳи мошингарди Дарвоз – Ванҷ – Хоруғ, дар наздикии мавзеи Бедара низ тарма фаромад. Бо ёрии техникаи махсус роҳ тоза шуда, шомгоҳон ҳаракат тариқи он барқарор карда шуд.

“Дар километри 352-юми ин роҳ, дар қаламрави деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз селҳо фаромада, лозим омад, ки роҳ баста шавад. Баъди тозакунии роҳ ҳаракат тариқи он тахминан соати 19:00 барқарор шуд”, – хабар доданд дар КҲФ.

Зимнан зикр шуд, ки бар асари фаромадани тарма ва селҳо талафоти ҷонӣ ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, то 23 феврал дар қаламрави кишвар хатари фаромадани тармаву сел ва сангрезаву ярч боқӣ мемонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.