Дар соли 2022 ширкатҳои хусусии мобилии Тоҷикистон 333 млн доллар пул кор карданд

Даромади ширкатҳои хусусии алоқаи Тоҷикистон дар соли 2022 ҳудуди 3 млрд 630 млн сомонӣ (333 млн доллар)-ро ташкил дод, ки 14,9% зиёдтар нисбат ба соли 2021 мебошад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон. Даромади оператори миллии алоқаи “Тоҷиктелеком”, КВД “Почтаи тоҷик” ва воҳидҳои сохтории Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамагӣ ҳудуди 197 млн сомонӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Даромади ширкатҳои хусусии алоқаи Тоҷикистон дар соли 2022 ҳудуди 3 млрд 630 млн сомонӣ (333 млн доллар)-ро ташкил дод, ки 14,9% зиёдтар нисбат ба соли 2021 мебошад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Даромади оператори миллии алоқаи “Тоҷиктелеком”, КВД “Почтаи тоҷик” ва воҳидҳои сохтории Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамагӣ ҳудуди 197 млн сомонӣ (ҳууди 20 млн доллар)-ро ташкил додааст, ки 17,2% зиёдтар нисбат ба соли 2021 аст.

Даромади умумии ширкатҳои мобилии ҷумҳурӣ дар соли гузашта зиёда аз 3,7 млрд сомониро ташкил дода, 15,1% афзуд.

То 1-уми январи соли 2023 шумори корбарони Интернет 3,8 млн нафар ва муштариёни алоқаи мобилӣ беш аз 6,5 млн нафарро ташкил дод, ки наздики 6,4 млн нафарашон муштариёни фаъол мебошанд.

Шумори дастгоҳҳои статсионарии телефони низоми “Тоҷиктелеком” то аввали моҳи январи соли равон зиёда аз 273 ададро ташкил дода, беш аз 84% (ҳудуди 230 ҳазор)-и он телефонҳои хонагӣ мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, дар радабандии навшудаи Speedtest Global Index (натиҷаҳои моҳи январи соли 2023) аз рӯи суръати интернети васеъхати сабтшуда байни 180 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон дар зинаи 109-ум қарор дорад.

Суръати миёнаи боргирӣ (скачивание)-и интернети ноқилӣ дар ҷумҳурӣ 29,97 Мб/с ва боргузорӣ (загрузка) – 34,29 Мб/с зикр шудааст.

Аз рӯи суръати интернети мобилӣ бошад, Тоҷикистон миёни 141 кишвар дар зинаи 134-ум қарор дорад.

Муовини сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 30 январ зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки минбаъд беҳтар кардани суръати интернет ва поин бурдани нархи он ба нақша гирифта шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, Хадамоти алоқа қасд дорад дар асоси дастури раисиҷумҳур барои рушди соҳаи иртиботот, таъмини интернети баландсуръат, коҳиши арзиши он ва ҷалби сармоягузорон ба ин соҳа бо ин масъала машғул шавад.

Илҳом Атоев илова намуд, ки айни ҳол аз ҳисоби мутахассисон ва муҳандисони соҳа ситоди доимӣ таъсис дода шудааст.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон аз сифат ва суръати интернет дар кишвар изҳори норозигӣ карда буд. Президент дар паёми худ ба парлумон гуфт: “Сайёҳон асосан ба куҷо мераванд? Ба ҷое, ки интернети хуб вуҷуд дорад”.

Сипас, ба Хадамоти алоқа дастур дод, ки дар якҷоягӣ бо ширкатҳои мобилӣ ва воридкунандагони интернет ҷиҳати беҳтар кардани сифат ва коҳиши арзиши алоқаи мобилӣ ва интернет чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.