Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Нахустин ширкати ҳавопаймоии тиҷоратии Тоҷикистон – «Somon air» боз як тайёраи навъи «Boeing 737-800» харидорӣ кард.
Чӣ тавре ки мудири кулли ширкат Музаффар Исҳоқов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тайёра дар ИМА тариқи қарзи бонкӣ харидорӣ шудааст. Ӯ аз пешниҳоди маълумоти муфассал оид ба арзиши тайёра худдорӣ намуд. Танҳо ҳаминаш маълум аст, ки ҳавопаймо ба исми асосгузори адабиёти шӯравии тоҷик Садриддин Айнӣ номгузорӣ гардидааст.
Тибқи маълумоти расида аз ширкати мазкур, тайёраи мусофирбар аз Туркия ба фурудгоҳи Душанбе оварда шуда, барои 172 нафар мусофир пешбинӣ гардидааст ва ба хатсайрҳои кишварҳои хориҷи дур, аз ҷумла шаҳрҳои Франкфурт ва Урумчӣ парвозҳо анҷом хоҳад дод. «Тайёраи нахустини навъи «Boeing 737-800»-и ширкат дар як ҳафта ҳамарӯза ба шаҳри Маскав ва як маротиба ба шаҳри Дубай (Аморати Муттаҳидаи Араб) парвоз анҷом медиҳад», – гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, минбаъд роҳандозии парвози тайёраҳо ба шаҳрҳои Истанбул, Деҳлӣ, Теҳрон, Бангкок ва шаҳрҳои дигари ҷаҳон ба нақша гирифта шудааст.


