Нурулло Алиевро дар Лас-Вегас ғорат кардаанд

Нурулло Алиев, аввалин размкори тоҷик дар UFC-ро баъди пирӯзӣ дар аввалин муҳориба дар шаҳри Лас-Вегаси ИМА ғорат кардаанд. Дар ин бора пойгоҳи иттилоотии AgFight хабар медиҳад. Нурулло Алиев рӯзи 26-уми феврал бар ҳарифи бразилии худ Рафаэл Алвес пирӯз шуд. Пас аз пирӯзӣ дар таваққуфгоҳи меҳмонхонаи Палас Стейшн мошини иҷораашро бо тирезаи шикаста пайдо кард. Аз […]

Asia-Plus

Нурулло Алиев, аввалин размкори тоҷик дар UFC-ро баъди пирӯзӣ дар аввалин муҳориба дар шаҳри Лас-Вегаси ИМА ғорат кардаанд. Дар ин бора пойгоҳи иттилоотии AgFight хабар медиҳад.

Нурулло Алиев рӯзи 26-уми феврал бар ҳарифи бразилии худ Рафаэл Алвес пирӯз шуд. Пас аз пирӯзӣ дар таваққуфгоҳи меҳмонхонаи Палас Стейшн мошини иҷораашро бо тирезаи шикаста пайдо кард. Аз мошин 6 борхалта, ки дар дохили он ашёи гуногун, пул, ҳуҷҷатҳо ва дастгоҳҳои электронӣ буд, дуздида шудааст.

Ба гуфтаи Дейв Назаров, тарҷумони гурӯҳи Алиев, кормандони меҳмонхона ба дар муайян кардани ғоратгарон кӯмак накардаанд. Онҳо ҳатто барои муайян кардани шахсияти ғоратгарон бо истифода аз дастгоҳҳои сабт иқдоме накардаанд. Худи варзишгарон ашёи гумшударо тавассути системаи ҷойгиршавӣ дар AirPods, ки дар яке аз ҷузвдонҳо буданд, пайдо кардаанд.

“Мо борхалтаҳои худро дар мошини боркаш пайдо кардем, аммо вақте ғоратгарон фаҳмиданд, ки мо онҳоро таъқиб мекунем, суръати ҳаракатро тезониданд. Ба 911 занг задем, аммо онҳо ба мо кумак кардан нахостанд, зеро ин ҳолати фавқулодда набудааст”, – гуфт Назаров.

Онҳо ба сарвари амнияти UFC муроҷиат кардаанд ва ӯ барои кӯмак детективҳои хусусиро фиристодааст. Пас аз чанд соат, мошин ёфт шуда, аммо ашёҳо нопадид шудаанд.

Гуфта мешавад, ки ҳоло полиси Лас – Вегас тафтишотро оғоз кардааст.

Ёдовар мешавем, ки охири ҳафтаи гузашта Нурулло Алиев дар нахустин қувваозмоии худ дар UFC бар Рафаэл Алвес бразилӣ пирӯз шуд. Варзишгари Тоҷикистон дар 8 қувваозмоӣ тибқи қоидаҳои муҳорибаи омехта 8 пирӯзӣ ба даст овардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.