Эҳтимоли тармафароӣ дар роҳҳои Тоҷикистон боқӣ мемонад

Дар робита ба эҳтимоли зиёди хавфи фаромадани тармаву сел ва сангреза, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ боисрор аз аҳолӣ дархост мекунад, ки аз сафару сайругашт дар қитъаҳои хатарнок худдорӣ намоянд. Бо истинод ба маълумоти обуҳавошиносон Кумита хабар медиҳад, ки муддати чанд рӯзи оянда дар роҳҳои мошингарди  Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Душанбе […]

Дар робита ба эҳтимоли зиёди хавфи фаромадани тармаву сел ва сангреза, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ боисрор аз аҳолӣ дархост мекунад, ки аз сафару сайругашт дар қитъаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.

Бо истинод ба маълумоти обуҳавошиносон Кумита хабар медиҳад, ки муддати чанд рӯзи оянда дар роҳҳои мошингарди  Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Душанбе – Лахш, Кӯлоб – Дарвоз,  Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб хатари лағзиши тарма, резиши санг ва фаромадани сел боқӣ мемонад.

“Аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки эҳтиёткор бошанд ва дар чунин рӯзҳои ҳассос аз рафтан ба шикоргоҳ, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум ва ғайра худдорӣ кунанд”, – муроҷиат карда мешавад ба аҳолӣ.

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ аввал дар бораи вазъи роҳҳо аз манбаъҳои муътамад, аз ҷумла Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт ва БДА маълумот ба даст оварда, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҷиддан қоидаҳои бехатариву амниятро риоя кунанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳолати рух додани ин ё он ҳодисаи фавқулода бо телефонҳои 112 ва ё 93 880 28 19 муроҷиат кардан зарур аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.