Муқовимат бо хатарҳо ва таҳдидҳо ба амният дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли СААД

Имрӯз, 13-уми март, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар Қасри миллат Имангалӣ Тасмагамбетов, дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе омада буд, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад. Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот Имангалӣ Тасмагамбетовро ба муносибати дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таъин шуданаш […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Имрӯз, 13-уми март, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар Қасри миллат Имангалӣ Тасмагамбетов, дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе омада буд, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот Имангалӣ Тасмагамбетовро ба муносибати дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таъин шуданаш табрик гуфтааст.

Ҳамчунин, ҷонибҳо вазифаҳои имрӯзаи Созмонро баррасӣ карда, баъзе масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавию байналмилалиро муҳокима намудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳкими ҳамёриро дар самти сиёсӣ, тавсеаи фаъолияти байналмилалии СААД, баланд бардоштани самаранокии ҳамкории ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва низомию иқтисодиро махсус таъкид кардааст.

“Ҳамчунин, аҳаммияти пурзӯр намудани кори ҳамаҷониба ҷиҳати муқовимат ба хатарҳо ва таҳдидҳо ба амният, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид гардид”, – афзудааст манбаъ.

Ҷонибҳо таҳкими минбаъдаи тавонмандии СААД-ро барои мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои мавҷуда муҳим арзёбӣ карданд.

Зимни суҳбат доир ба вазъи Афғонистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.