Дар Исфара 34 кӯча ба номи қурбониёни низои марзӣ гузошта шуд

Дар Исфара ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик як мактаб ба номи Иқбол Илёсзода, журналисти маъруф ва собиқ сухангӯи ин шаҳр, гузошта шудааст. Дар ин баробар, 11 муассиса ва 34 кӯчаи дигар ба номи шаҳидони муноқишаҳои марзӣ тасдиқ гардид. Дар ин бора Абдумуталиб Шарифов, раиси созмони шаҳрии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар Исфара иттилоъ дод. Ба гуфтаи […]

Юсуфхон Собитов, хабарнигори шаҳрвандии “Asia-Plus”

Дар Исфара ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик як мактаб ба номи Иқбол Илёсзода, журналисти маъруф ва собиқ сухангӯи ин шаҳр, гузошта шудааст. Дар ин баробар, 11 муассиса ва 34 кӯчаи дигар ба номи шаҳидони муноқишаҳои марзӣ тасдиқ гардид.

Дар ин бора Абдумуталиб Шарифов, раиси созмони шаҳрии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар Исфара иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дирӯз, 11-уми март, зимни таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик, шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода гуфтааст, дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара дар ин хусус қарорҳои дахлдор қабул шуд.

Тибқи қарори мазкур, барои абадӣ гардонидани хотираи неки шаҳидони муноқишаҳои марзӣ номи 11 нафари онҳо ба муассисаҳои таълимӣ ва 34 нафари онон ба кӯчаҳои шаҳру деҳот тасдиқ гардид.

Ҳамин тавр мактабҳои зерин дар шаҳри Исфара ба номи ҳомиёни Ватан гузошта шуд:

– Мактаби №10 ба номи Султонов Ҳодихон Сироҷиддинхонович;

– Мактаби №49 ба номи Абдурақибзода Абдулвафо;

– Мактаби №64 ба номи Набиев Нусратуллоҳ;

– Мактаби №34 ба номи Аскаров Насруллохӯҷа Лутфиллохӯҷаевич;

– Мактаби №22 ба номи Одинаев Муҳаммадҷон Ҳусейнович;

– Мактаби  №53 ба номи Миралиев Меҳроҷиддин Талбакович;

– Мактаби №24 ба номи Мирзоев Аловиддин Мирзоевич;

– Мактаби  №47 ба номи Назаров Сайҷалол Сафарович;

– Мактаби  №13 ба номи Тоҷидинов Орифҷон;

– Мактаби  №76 ба номи Абдунабиев Голибҷон Қаробоевич;

– Мактаби №60 ба номи Болтаев Меҳрӯзиддин Мӯҳриддинович.

Гуфта мешавад, ба номи қурбониёни низои марзӣ гузоштани номи мактабҳо нишонаи қадрдонӣ аз шуҷоату ҷасорати онҳо аст.

Ҳамчунин, мактаби  №74 ба номи Тешаев Иқбол Илёсиддинович, журналисти тоҷик, барои хидматҳояш дар журналистика, пӯшиши ҳаводиси марзӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ шузошта шуд.

Бояд гуфт, ки Иқбол Илёсзода аз зумраи журналистони хушном ва сухангӯёни дастрас ба васоити ахбори омма дониста мешуд. Ӯ 5-уми апрели соли 2021 дар синни 51-солагӣ даргузашт.

Ҳамчунин, дар ҷамоати Ворух низ чанд кӯча ба номи қаҳрамонҳои зерин гузошта шуд: Шоҳасанов Пайрав Хоҷиевич, Тешаев Расоиддин Иномиддинович, Шаропов Сафоиддин Бобозоидович, Қароев Ҷалол Бобозоидович, Баротов Муҳаммад Сафармадович, Наҷмиддинов Қамариддин Назурвалиевич, Худойбердизода Сорбон, Юсупов Мурод Қудратович, Салимов Бобокарим.

Дар ҷамоати деҳоти Сурх: кӯчаҳо ба номи Маҳмудов Бахтовар Боирбоевич, Валиев Ҳусейнбой Ғафурович, Ашӯров Камолиддин Мираҳматович, Рӯзиев Ибодулло Неъматуллович, Шаропов Абдулмаҷид Идибекович, Каримов Раҳим Абдураҳмонович гузашта шуданд.

Дар ҷамоати деҳоти Чилгазӣ: Холбоев Зайниддин Эргашевич, Зикруллои Асадулло, Орифзода Абдумусалими Давлатхӯҷа.

Дар ҷамоати деҳоти Кӯлканд: Холов Раҳмиддин Ҳасанович ва Бутаев Олимҷон Қурбонович.

Дар ҷамоати деҳоти Навгилем: Тагоймуродов Шуҳратҷон, Солеҳов Нарзулло, Болтаев Муҳаммадшариф, Ҳошимов Абдувосит, Муъминов Салоҳиддин.

Дар ҷамоати деҳоти Лаккон: Сафаралӣ Хасани Саймуддинзода, Рамаев Султонбек Абдуллоевич ва Зоиров Муҳиддин.

Дар шаҳраки Шӯроб: Алиқулов Муҳаммад Абдуғафорович ва Одиназода Оқилҷон Ҷумъа.

Дар шаҳраки Нурафшон: Исломов Некрӯз ва Ҷумаев Сабриддин Субхонович.

Дар ҷамоати деҳоти Зумрад: Ҳусейнов Шодмон ва Абдулхайров Шуҳрат.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи таҷовузи низомии Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли гузашта ба иттилои расмӣ 59 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷон бохтанд.

Мақомоти Тоҷикистон ба хонаводаи оилаҳое, ки дар натиҷаи ин низоъҳо аз олам даргузаштанд, кӯмакҳои гуногун ироа кард ва барои поси хотири қурбониён парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан”-ро қабул намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.