Пешниҳоди соддатар кардани низоми патент барои ронандагони хориҷии мошинҳои боркаш дар Русия

Кумитаи нақлиёти иттиҳодияи тиҷоратии “Деловая Россия” бо дархост ба ҳукумат муроҷиат кардааст, то ки онҳо патенти минтақавӣ барои ронандагони хориҷии мошинҳои боркашро бекор кунанд. Дар ин бора як манбаъ аз ширкати логистикӣ хабар дода, ҳамсуҳбати наздик ба Кумита онро тасдиқ кардааст, менависад Ведомости. Ин ҷиҳати ба соҳа ҷалб намудани кадрҳои нав кумак мекунад. Ба иттилои […]

Кумитаи нақлиёти иттиҳодияи тиҷоратии “Деловая Россия” бо дархост ба ҳукумат муроҷиат кардааст, то ки онҳо патенти минтақавӣ барои ронандагони хориҷии мошинҳои боркашро бекор кунанд. Дар ин бора як манбаъ аз ширкати логистикӣ хабар дода, ҳамсуҳбати наздик ба Кумита онро тасдиқ кардааст, менависад Ведомости.

Ин ҷиҳати ба соҳа ҷалб намудани кадрҳои нав кумак мекунад.

Ба иттилои манбаъҳо, норасоии шадиди ронандагон ба бекористии мошинҳои боркаш ва талафоти молиявии ширкатҳои боркашон боис мегардад.

“Ҳозир агар шаҳрванди хориҷӣ ба сифати ронанда дар Русия кор кардан хоҳад, барои ин ӯ бояд патент гирад. Лекин ин санад танҳо дар ҳудуди як субъекти Федератсия амал мекунад, яъне дар минтақае, ки ӯ патентро аз он ҷо гирифтааст”, – шарҳ додааст яке аз ҳамсуҳбатон ба газетаи “Ведомости” дар ширкати нақлиёт.

Аз ҷумла, айни замон ронандагони фураҳо (мошинҳои бокаши бузургҳаҷм) метавонанд танҳо байни шаҳрҳо дар ҳудуди як минтақа боркашонӣ кунанд.

Дар назар аст, ки пас аз бекор шудани патент ронандагони хориҷӣ имкони бештар пайдо карда, ҷалби муҳоҷирон ба кор осонтар мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.