Дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд

Date:

Субҳи имрӯз, 18-уми март, соати 05:01 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави  Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, маркази заминларза дар 260 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе воқеъ буд.

Тибқи маълумоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, қувваи заминларза дар маркази он 3-4 балл, дар шаҳри Душанбе 2 баллро ташкил додааст.

Дар бораи харобиҳо ва талафоти ҷонӣ маълумот дода намешавад.

Пеш аз ин субҳи рӯзи 9 март дар қаламрави кишвар заминларза рух дода буд. Он замон қувваи заминларза дар марказаш  4,5 балл ва дар ноҳияи Мурғоб 2 баллро ташкил дода буд.

Ёдрас мекунем, ки тайи ҳафтаҳои ахир дар Тоҷикистон даҳҳо заминларзаҳои қувваашон начандон зиёд ба амал омаданд. Заминларзаи нисбатан қуввааш зиёдтар субҳи рӯзи 23 феврал дар наздикии Мурғоб рух дод.

Дар пайи заминларзаи шадид дар Туркияву Сурия, ки садҳо бино фурӯ рехтаву даҳҳо ҳазор нафар қурбон шуданд, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, тобоварии биноҳои навсохти Душанбе, Хуҷанд ва Бохтарро ба заминларза санҷад.

Айни замон санҷишҳо ҷараён дошта, дар ин маводи мо огаҳӣ меёбед, ки шаҳри Душанбе ба чӣ қадар қувваи заминларза тобовар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...