Дар Душанбе мусобиқаи байналмилалии куштии миллӣ бо ҳузури паҳлавонони 10 кишвари дунё баргузор мешавад. Ин мусобиқа ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ сурат мегирад.
Федератсияи куштии миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар назар аст, ки дар ин сабқатҳо паҳлавонони кишварҳои Эрон, Русия, Озорбойҷон, Кувайт, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва чанд кишвари дигар ширкат кунанд.
Сабқатҳои рӯзи 27-уми июн, соати 17.00 дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе оғоз мешаванд.
Аз паҳлавонони тоҷик дар ин сабқатҳо аз вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дар ҳар вазне дутои паҳлавон ширкат мекунанд.
Гуфта мешавад, ки ин нахустин мусобиқаи байналмилалии куштии миллии тоҷикӣ аст, ки баргузор мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.