Дар Хуҷанд бо иштироки президент бахшида ба Наврӯз чорабинии ҷашнӣ доир гардид

Date:

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷумҳуриявии идона ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Гуфта мешавад, зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон истиқлолро ҳамчун ҳадяи сарнавишти миллат ва Наврӯзро чун шоҳсутуни таърихи пурифтихори тоҷикон арзёбӣ карда, онҳоро пайвандгари наслҳои имрӯзу оянда номиданд.

Ба андешаи сарвари давлат яке аз омилҳои муассиру тавонои пояндагии миллати мо ин мавҷудияти силсилаҷашнҳои аҷдодӣ, аз қабили Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон мебошанд.

ГАЛЛЕРЕЯ (11)











Баъди суханронии президент дар макони баргузории чорабинии идонаи наврӯзӣ – варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд барномаи бошукуҳи консертӣ, ки ифодакунандаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, расму суннат ва оинҳои накуи наврӯзӣ мебошад, доир шуд. Дар ин чорабинӣ намояндагони аҳли фарҳангу зиё ва ҳайтҳои хориҷӣ ҳузур доштанд.

Президент аз 29 март дар вилояти Суғд қарор дорад. Анҷоми сафари ӯ ба минтақа рӯзи 1 апрел дар назар аст.

Дар доираи сафари корӣ Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Истиқлол ва ноҳия Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, имрӯз ба ноҳияи Зафаробод ташриф меорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...