Қазоқистон дар Афғонистон дафтари тиҷоратӣ боз мекунад

Тасмими боз кардани дафтари тиҷоратӣ дар Афғонистон зимни дидори як ҳайати мақомдорони Қазоқистон бо намояндагони Толибон* дар Кобул гирифта шудааст, хабар медиҳад primeminister.kz. Ба навиштаи манбаъ, як ҳайати ҳукумати Қазоқистон таҳти раҳбарии Серик Ҷумангарин, муовини нахуствазир ва вазири тиҷорати ин кишвар дар Кобул бо ҳайати Толибон мулоқот кардааст. Ин ҳайат дирӯз дар фурудгоҳи Кобул кӯмаки […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Тасмими боз кардани дафтари тиҷоратӣ дар Афғонистон зимни дидори як ҳайати мақомдорони Қазоқистон бо намояндагони Толибон* дар Кобул гирифта шудааст, хабар медиҳад primeminister.kz.

Ба навиштаи манбаъ, як ҳайати ҳукумати Қазоқистон таҳти раҳбарии Серик Ҷумангарин, муовини нахуствазир ва вазири тиҷорати ин кишвар дар Кобул бо ҳайати Толибон мулоқот кардааст.

Ин ҳайат дирӯз дар фурудгоҳи Кобул кӯмаки башардӯстонаи Қазоқистонро ба Нуруддин Азизӣ, сарпарасти вазири тиҷорати Толибон, супорид.

Ба гузориши манбаъ, Қазоқистон тасмим дорад, ки тавассути дафтари тиҷоратии худ дар Афғонистон орд, гандум, таҷҳизоти фаннии роҳи оҳан, зағир ва равғани офтобпараст ворид кунад.

Дар бораи кай боз шудани дафтари тиҷоратии Қазоқистон дар Афғонистон мушаххасан чизе гуфта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, Мулло Абдулғанӣ Бародар, сарпарасти муовини сарвазири Афғонистон дар бахши иқтисод гуфтааст, ки Қазоқистон ба боз шудани сафорат ва консулгарии Афғонистон дар ин кишвар итминон додааст.

Абдулғанӣ Бародар гуфтааст, зимни дидор ҳамчунин масъалаи боз кардани намояндагии дипломатии Афғонистон дар Остона баррасӣ гардидааст.

Бояд гуфт, ки рӯзи шанбе муовини нахуствазири Қазоқистон бо як ҳайат вориди Кобул шуд ва бо бархе аз мақомоти Толибон, ба хусус Мулло Абдулғанӣ Бародар мулоқот кард.

Толибон аз ин мақоми баландпояи қазоқ хостааст, дипломатҳои онҳоро бипазирад, то равобиташон беҳтар шавад.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносони равобити байнулмилалӣ пазируфтани дипломатҳои Толибон бидуни эътирофи ҳукумати муваққатро як равобити якҷониба медонанд.

Сафари ҳайати Қазоқистон ба Кобул дар пайи мулоқоти сафири ин кишвар бо сарпарасти вазири хориҷаи Толибон дар моҳи августи соли гузашта сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки Толибонро пас аз ғасби Кобул дар моҳи августи соли 2021 ҳеҷ давлате ба расмият нашинохтааст, аммо чандин кишвари ҷаҳон бо ҳар роҳе бо ин гуруҳ робитаеро барқарор кардааст. Аз ҷумла, давлатҳои Осиёи Миёна ҳам бо фиристодани сафирону намояндагони худ ба Кобул, як навъ хоҳиши худро барои роҳандозии муносибати ҳасана баён карданд.

Дар чунин ҳол, Тоҷикистон ягона кишваре боқи мемонад, ки аз сиёсти Толибон бо шиддат интиқод карда, то ҳол бо онҳо ҳеҷ гуна равобити расмии мустақим надорад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио