Аз сӯхтор дар Ваҳдат 6 хонаи сокинон осеб дид

Шаби 15 ба 16-уми моҳи апрел дар маркази шаҳри Ваҳдат, дар як бинои баландошёна сӯхтор сар зада, 450 метри мураббаъро фаро гирифтааст, хабар доданд аз хадамоти оташнишонии ВКД ҶТ ба «Азия-Плюс». “Тибқи маълумоти пешакӣ, сӯхтор бар асари расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ дар яке аз манзилҳои истиқоматӣ рух дода, аз онҷо оташ ба манзилҳои ҳамсоя мегузарад”, […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Шаби 15 ба 16-уми моҳи апрел дар маркази шаҳри Ваҳдат, дар як бинои баландошёна сӯхтор сар зада, 450 метри мураббаъро фаро гирифтааст, хабар доданд аз хадамоти оташнишонии ВКД ҶТ ба «Азия-Плюс».

“Тибқи маълумоти пешакӣ, сӯхтор бар асари расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ дар яке аз манзилҳои истиқоматӣ рух дода, аз онҷо оташ ба манзилҳои ҳамсоя мегузарад”, – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, хабар ба хадамоти оташнишонӣ дар бораи сар задани сӯхтор соати 00:50 расидааст. 12 мошини оташнишонӣ фавран ба ҷои ҳодиса фиристода шуд. Сӯхтор сари вақт хомӯш карда шуда, касе осеб надидааст.

Манбаъ мегӯяд, азбаски сӯхтор шабона сар зад, сокинон натавонистаанд фавран дар бораи сӯхтор хабар диҳанд, то ки ба ҳадди имкон паҳншавии сӯхтор пешгирӣ карда шавад. Ҳоло гурӯҳи корӣ ҳаҷми зарарро муайян мекунад.

Дар ҳамин ҳол Хусрав Абдуллозода, директори муассисаи давлатии “Сохтмони асосӣ”-и шаҳри Ваҳдат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки сӯхтор манзили шаш сокини биноро фаро гирифта вайрон кард.

Дар наворе, ки яке аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст, дида мешавад, ки оташ дар яке аз манзилҳои ошёнаи шашум аланга гирифта, ба хонаҳои ҳамсояҳо паҳн шудааст.

https://www.youtube.com/watch?v=XsP8pYx-a-s

Дар натиҷаи сӯхтор манзилҳои ошёнаи охирин, шашум комилан хароб шуда, манзилҳои ошёнаи панҷум аз дуд ва фишори баланди об ҳангоми сӯхтор осеб диданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио