Шавкат Раҳимов аз Кордина шикаст хӯрда, аз унвони қаҳрамони IBF маҳрум шуд

Варзишгари тоҷик Шавкат Раҳимов намояндаи Уэлс Ҷо Кординаро мағлуб карда натавонист. Ин қувваозмоии асосии шоми бокс дар ватани Кордина рӯзи 22 апрел дар Кардифф баргузор шуд. Тавре ки sports.tj менависад, баъди пирӯзӣ бар Шавкат Раҳимов бо қарори ҷудогонаи доварон, варзишгари бритониёӣ камарбанди IBF дар вазни якуми сабукро дубора соҳиб шуд. Қувваозмоӣ хеле шавқовар гузашта, яке […]

Asia-Plus

Варзишгари тоҷик Шавкат Раҳимов намояндаи Уэлс Ҷо Кординаро мағлуб карда натавонист. Ин қувваозмоии асосии шоми бокс дар ватани Кордина рӯзи 22 апрел дар Кардифф баргузор шуд.

Тавре ки sports.tj менависад, баъди пирӯзӣ бар Шавкат Раҳимов бо қарори ҷудогонаи доварон, варзишгари бритониёӣ камарбанди IBF дар вазни якуми сабукро дубора соҳиб шуд.

Қувваозмоӣ хеле шавқовар гузашта, яке аз ҳакамон бо ҳисоби 116-111 пирӯзиро ба Раҳимов лоиқ донист, лекин ду довари дигар бо ҳисобҳои 115-112 ва 114-113 Кординаро ғолиб донистанд.

Дар раунди дуюм Раҳимов дар нокдаун қарор гирифт.

Ба ин тариқ, Раҳимов аз унвони чемпиони IBF дар вазни нимасабуки дуюм маҳрум шуд.

Барои муштзан аз Тоҷикистон ин бохти аввал дар ҳунарнамоии касбиаш аст. То ин дам ӯ 17 ғалаба ва 1 мусовӣ дошт.

Кордина бошад, дар ҳамаи 16 қувваозмоӣ ғалаба ба даст овардааст.

Кордина бори аввал ба ин унвон соли гузашта соҳиб гашта, лекин бар асари ҷароҳат гирифтан бо довталаби ҳатмӣ Раҳимов вохӯрда натавонист ва ба ивази унвони довталаби ҳатмӣ аз унвон маҳрум шуд. Раҳимов моҳи ноябри соли гузашта унвони холишудаи IBF-ро соҳиб гардида, дар Кардифф ҳимояи аввали унвонро барпо кард.

Шавкат Раҳимов 14 августи соли 1994 дар шаҳри Қӯрғонтеппа (феълан – Бохтар) таваллуд шудааст.

Ӯ борҳо Тоҷикистонро дар мусобиқаҳо намояндагӣ карда, қаҳрамони секаратаи ҷумҳурӣ, ғолиб ва ҷоизадори мусобиқаҳои байнулмилалӣ байни дӯстдорон аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио