Пирӯзиҳои аввалини боксчиёни тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон дар Тошканд

Дар рӯзи дуюми Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Тошканд муштзанони тоҷик се ғалаба ба даст оварданд. Дар вазни 86 кг Парвиз Каримов бо ҳисоби 5:0 боксии эронӣ Амин Маҷнунӣ ва дар вазни 63,5 кг Баҳодур Усмонов бо ҳамин ҳисоб муштзан аз Танзания Алекс Исенди Мишелро мағлуб карданд. Ғайр аз ин, Некрӯз Салимов (75 кг) […]

Asia-Plus

Дар рӯзи дуюми Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Тошканд муштзанони тоҷик се ғалаба ба даст оварданд. Дар вазни 86 кг Парвиз Каримов бо ҳисоби 5:0 боксии эронӣ Амин Маҷнунӣ ва дар вазни 63,5 кг Баҳодур Усмонов бо ҳамин ҳисоб муштзан аз Танзания Алекс Исенди Мишелро мағлуб карданд.

Ғайр аз ин, Некрӯз Салимов (75 кг) дар раунди аввал бар муштзан аз Ҷазираҳои Комор Мдахом Муҳамед бо нокаут дастболо шуд.

Боз як муштзани дигари тоҷик Шаббос Неъматуллоев (80 кг) бо қарори доварон (бо ҳисоби 1:4) аз муштзани озарбойҷонӣ Мурод Аллахвердиев шикаст хӯрд.

Имрӯз Абӯбакр Муродзода (60 кг) бо Дониёл Шоҳбахш ва Довуд Маҳкамов (71 кг) бо Максим Пилипек ба майдон мебароянд.

Маросими ифтитоҳи Чемпионати XXII ҷаҳон оид бокс байни мардон рӯзи 1 май дар “Ҳумо Арена”-и пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд доир гардид. Рақобатҳо шоми ҳамин рӯз оғоз гардида, то 14 май идома меёбанд.

Тоҷикистонро дар ин чемпионат 13 нафар варзишгарон намояндагӣ мекунанд: Меҳрон Шафиев (до 48 кг), Меҳроб Ҳамидов (то 51 кг), Меҳроҷ Зоидов (то 54 кг), Асрор Воҳидов (то 57 кг), Абӯбакр Муродзода (то 60 кг), Баҳодур Усмонов (то 63,5 кг), Расул Аҳадов (то 67 кг), Довуд Маҳкамов (то 71 кг), Некрӯз Салимов (то 75 кг), Шаббос Неъматуллоев (то 80 кг), Парвиз Каримов (то 86 кг), Давлат Болтаев (то 92 кг),  Муҳаммад Аброриддинов (зиёда аз 92 кг).

Ғолиби ҳар кадоме аз вазнҳо 200 ҳазор доллар, зинаи дуюм – 100 ҳазор доллар ва дорандагони медалҳои биринҷӣ – 50 ҳазор долларӣ мукофотпулӣ мегиранд.

Дар таърихи чемпионатҳои ҷаҳон Тоҷикистон ҳамагӣ се медали биринҷӣ ба даст овардааст. Ба дарёфти онҳо Абдусалом Ҳасанов (вазни то 57 кг) соли 2003 дар Таиланд, Шералӣ Достиев (то 48 кг) соли 2005 дар Чин ва Анвар Юнусов (то 56 кг) соли 2011 дар Озарбойҷон ноил гардидаанд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс IBA бори нахуст дар Ӯзбекистон ва маротибаи дуюм -дар Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Соли 2013 ин мусобиқотро шаҳри Алматои Қазоқистон қабул карда буд.

Дар ҳамин ҳол, федератсияҳои як қатор кишварҳо аз иштирок дар мусобиқа даст кашиданд. Сабаби таҳрим дар он аст, ки IBA ба варзишгарон аз Русия ва Беларус барои истифода аз рамзҳои кишварашон иҷоза дод, ки мухолифи мавқеи Кумитаи байнулмилалии олимпӣ (КБО) аст.

Қобили зикр аст, ки ихтилоф миёни КБО ва IBA ба он оварда расонид, ки навъи варзиши бокс ба барномаи пешакии Бозиҳои олимпии соли 2028 дохил нашуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.