Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон: имзои қарордодҳо ба маблағи 2 млрд доллар

Date:

Аз рӯи натиҷаҳои ҳамоиши тиҷоратӣ, ки имрӯз дар шаҳри Остона ҷараён дорад, тоҷирони Тоҷикистону Қазоқистон ният доранд, ки ба маблағи 2 млрд доллар қарордодҳо ба имзо расонанд. Дар ин бора хабаргузории «Казинформ» бо истинод ба муовини сарвазир – вазири савдо ва ҳамгироии Қазоқистон Серик Жумангарин иттилоъ медиҳад.

“Имрӯз дар нимаи аввали ин чорабинӣ байни тоҷирон ба маблағи 1 млрд 300 млн доллар қарордодҳо ба имзо расиданд”. Боз дар қисми дуюм қарордодҳо ба маблағи 2 млрд доллар имзо мешаванд”, – гуфтааст Жумангарин дар посух ба саволҳои рӯзноманигорон.

Вазири савдои Қазоқистон изҳор доштааст, ки ахиран ин яке аз форумҳои тиҷоратии пурсамартарин аст.

Бо истинод ба раиси раёсати Палатаи савдои хориҷии Қазоқистон Аян Еренов, “Казинформ” иттилоъ медиҳад, ки Қазоқистон ва Тоҷикистон дар бораи таъсиси корхонаи муштарак барои мусоидат ба тоҷирони ҳарду ҷониб ҷиҳати рушди савдои дуҷониба консепсия ба имзо расониданд.

Ба гуфтаи ӯ, имсол сафари тоҷирон дар назар буда, доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои нафту кимиё ва дорусозӣ имкониятҳои зиёд мавҷуданд.

Дар ҳамин ҳол, муовини сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода зикр кардааст, ки дар ҷараёни кори форум оид ба сохтмони марказҳои тақсимот ва савдои яклухт созишнома имзо шудааст, ки ҷиҳати интиқоли сабзавоту меваи серталаб ба Қазоқистон мусоидат мекунад.

Ҳамчунин ӯ изҳори итминон кардааст, ки масъалаи барқарор намудани хатсайри ҳавоӣ байни Душанбе ва Остона “роҳи ҳалли худро пайдо мекунад”.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо 18,5% афзуда, 1,4 млрд долларро ташкил дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...