Дар ВМКБ марди 80-сола ҳангоми чаронидани чорво ба ҷарӣ афтод

Рӯзҳои 5-6 май дар қаламрави Тоҷикистон се ҳодисаи марбут ба риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ рух доданд, ки дар натиҷа 2 нафар ҳалок ва боз 1 каси дигар бедарак шуданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ. “Нима дуюми рӯзи 5-уми май як сокини 80-солаи деҳаи Тенгхон, ҷамоати деҳоти Роштқалъаи ВМКБ ҳангоми чаронидани чорвои калон баногаҳ аз […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 5-6 май дар қаламрави Тоҷикистон се ҳодисаи марбут ба риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ рух доданд, ки дар натиҷа 2 нафар ҳалок ва боз 1 каси дигар бедарак шуданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

“Нима дуюми рӯзи 5-уми май як сокини 80-солаи деҳаи Тенгхон, ҷамоати деҳоти Роштқалъаи ВМКБ ҳангоми чаронидани чорвои калон баногаҳ аз баландии 50-60 метр минтақаи кӯҳи сарозер шуда, бар асари ҷароҳат дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид”, – омадааст дар хабари Кумита.

Ҳодисаи дуюм ҳамин рӯз дар қаламрави шаҳри Турсунзода рух дода, як сокини 32-солаи деҳаи Шӯрхоки ҷамоати деҳоти Қаратоғ бо мақсади ҷамъоварии туршак ва дигар рустаниҳо ба водии Ҳакимӣ равон шуд, вале бегоҳ барнагашт.

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фвақулодаи шаҳр дар ҳамдастӣ бо сокинони маҳаллӣ корҳои ҷустуҷӯи мардро идома медиҳанд.

Боз як ҳодисаи нохуши дигар нимаи дуюми ҳамин рӯз рух дода, аз сабаби беназоратӣ аз ҷониби волидон як сокини чорсолаи деҳаи Сайёди ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон ҳангоми гузаштан аз болои қубури болои канали Хоҷа-қалъа сарозер ва ғарқ шуд. Ин ҷо низ ҷустуҷӯи ҷасади ноболиғ идома дорад.

Гуфта мешавад, ин ҳодисаҳо дар ҳоле рух медиҳанд, ки пештар Кумита ба аҳолӣ дар мавриди хатари чорвочаронӣ дар манотиқи кӯҳиву наздикӯҳӣ ҳушдор дода буд. Ҳамчунин аз волидон хоҳиш мекард фарзандони ноболиғи худро танҳо ва беназорат нагузоранд.

“Мутаассифона, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва гӯш надодан ба ҳушдорҳову хоҳишҳо боиси фоҷеа мешаванд”, – таъкид мешавад дар хабар.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз кулли сокинон хоҳиш мекунад ба тавсияҳо сари вақт мутаваҷҷеҳ шуда, кӯдаконашонро беназорат нагузоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.