Милитсия ҳодисаи оташсӯзии мактабхонро ҳангоми машқҳо таҳқиқ мекунад

Date:

Мақомоти милитсия навори видеоеро, ки чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, дар он дида мешавад, ки як мактабхон ҳангоми машқҳо оташ мегирад, таҳқиқ мекунад.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҳодисаи мазкур рӯзи 6 май дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 67 ноҳияи Сино рух додааст.

Гуфта мешавад, дар мактаби зикршуда дар ин рӯз дар асоси нақша машқҳои мудофиаи гражданӣ ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дар навори видео дида мешавад, ки пушти куртаи хонанда оташ гирифта, ӯ дар ҳавлии мактаб медавад ва ду нафар бо либоси ҳарбӣ талош доранд, ки ӯро ба кӯрпа (плед) пӯшонанд, то ки оташро хомӯш кунанд, лекин ин ба ҳеҷ гунае ба онҳо муяссар намешавад. Наврас худро аз дасти “имдодгаронон” халос карда, либоси оташгирифтаашро аз тан бадар мекунад. Дар кадрҳо дида мешавад, ки даст ва тахтапушди наврас аз сӯхтор захм гирифтааст.

 “Дар натиҷаи аз ҷониби масъулин риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ, зимни оташсузӣ пушти бадани хонандаи синфи 10-уми муассисаи мазкур оташ гирифта, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст”, – омадааст дар хабари Раёсат.

Зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати мазкур, айни замон аз ҷониби кормандони милитсия маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Раёсат дар бораи ҷузъиёти дигари ҳодиса, аз ҷумла чӣ гуна ба либоси мактабхон гузаштани оташ хабар намедиҳад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти ҷумҳуриявии оташнишонӣ хабар доданд, ду нафаре, ки ба хомӯш кардани оташ талош доштанд, хонандагони синфҳои болоии ҳамин мактаб мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...