Соати чори субҳи имрӯз – 22-юми июл фармони Президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи санҷидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 100 ҳазор афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар тамоми қаламрави кишвар бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар чорабинии зикршуда, ки таҳти унвони «Марз-2021» гузаронида шуд, 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ дар самтҳои амалиётӣ ба минтақаҳои иҷрои вазифаи ҷангӣ бароварда шуданд.
Ин чорабинӣ дар тамоми қаламрави кишвар доир шуда, соати ҳафти субҳ бо натиҷаҳои сатҳи баланд ҷамъбаст гардид.
Баъди ҷамъбасти чорабинӣ Эмомалӣ Раҳмон ба пойгоҳи Гвардияи миллӣ ташриф оварда, дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, аз ҷумла ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфт.
Пас аз суханронии сарвари давлат паради ҳарбии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.
Дар маҳалли баргузории чорабинӣ техникаи вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, артиллерияи худгард ва дигар лавозимоти муосири низомӣ, ки дар ихтиёри Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат қарор доранд, аз паради ҳарбӣ гузаштанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.