Тағйироти кадрӣ. Киҳо муовини нави раисони чанд шаҳру навоҳии вилояти Хатлон таъин шуданд?

Диловар Баротзода, муовини якум ва Ҷамшед Воҳидзода, муовини раиси шаҳри Бохтар таъин гардидаанд. Ҳамчунин, муовинони раиси чанд шаҳру навоҳии дигар низ таъйин шудаанд. Дар ин бора саҳифаи расмии ҳукумати шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар шабакаҳои иҷттимоӣ хабар медиҳанд. Манбаъ менависад, ки ин тағйирот бо розигии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон​ ​сурат гирифтааст. Нурулло Мирзозода, собиқ муовини […]

Asia-Plus

Диловар Баротзода, муовини якум ва Ҷамшед Воҳидзода, муовини раиси шаҳри Бохтар таъин гардидаанд. Ҳамчунин, муовинони раиси чанд шаҳру навоҳии дигар низ таъйин шудаанд. Дар ин бора саҳифаи расмии ҳукумати шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар шабакаҳои иҷттимоӣ хабар медиҳанд.

Манбаъ менависад, ки ин тағйирот бо розигии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон​ ​сурат гирифтааст.

Нурулло Мирзозода, собиқ муовини аввали раиси шаҳри Бохтар чанд моҳ қабл аз вазифа озод ва бо фармони президент, раиси ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ таъйин шудааст.

Ҷамшед Воҳидзода ба ҷои Дилшод Маҳмадҷонзода муовини раиси шаҳри Бохтар таъин гардид. Маълум нест, ки Дилшод Маҳмадҷонзода баъди аз вазифаи муовини раиси шаҳр озод шудан ба кадом вазифа таъин шудааст.

Ҳамчунин, дар мувофиқа бо президент, Қурбоналӣ Қурбонзода муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъйин гардид. Ӯ то таъин шудан ба ин вазифа, беш аз як сол роҳбарии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон буд ва то он вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониёнро ба уҳда дошт.

Қумринисо Сангализода, ки то ин дам муовини сардори раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон буд, муовини дигари раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъин шудааст.

Ҳамин тариқ, Паймона Гадозода ва Мизроб Раҷабзода муовинони раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таъин шудаанд. Чанд моҳ ин ҷониб раиси ноҳияи Панҷ танҳо як муовин дошт. Муовинони ӯ бо сабаби ба нафақа баромадан, аз вазифа озод шуда буданд.

Қаблан, Паймона Гадозода ба ҳайси сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Панҷ ва Мизроб Раҷабзода директори мактаби №18-и ноҳияи Панҷ кор мекарданд.

Дар мувофиқа бо президент, Бадахшон Амирзода ва Саидбеки Сафарзода муовинони раиси ноҳияи Кӯшониён таъин шуданд.

Бояд гуфт, ки Бадахшон Амирзода дар вазифаи муовини раиси ноҳия бахши иқтисоду саноатро сарпарастӣ хоҳад кард. Номбурда то таъин шудашан ба ин вазифа сардори Раёсати омори ноҳияи Кӯшониёнро ба уҳда дошт.

Саидбеки Сафарзода бошад, то ин замон ба ҳайси директори мактаби №26-и ноҳияи Кӯшониён фаъолият мекард.

Ҳамчунин, Маҳмадӣ Шарипов, ки то ин лаҳза сардори Раёсати дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар вилояти Хатлон кор мекард, муовини раиси ноҳияи Вахш таъин шудааст.

Бояд гуфт, ки оғози соли ҷорӣ низ дар чанде аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд муовинони нав таъин гардида буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.