Баррасии масоили муҳимми шарикию стратегӣ дар Чин

Имрӯз, 17 май, дар шаҳри Пекин, дар доираи сафари давлатӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Хан Чжэн, ноиби раисиҷумҳури давлати Чин, Ван Хунин, раиси Шӯрои мардумии сиёсии машваратии Чин ва Ли Тсян, сарвазири Шӯрои давлатии Чин мулоқот намуд. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. Гуфта мешавад дар рафти вохӯриҳо масоили ҳамкории шарикию […]

Имрӯз, 17 май, дар шаҳри Пекин, дар доираи сафари давлатӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Хан Чжэн, ноиби раисиҷумҳури давлати Чин, Ван Хунин, раиси Шӯрои мардумии сиёсии машваратии Чин ва Ли Тсян, сарвазири Шӯрои давлатии Чин мулоқот намуд. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад дар рафти вохӯриҳо масоили ҳамкории шарикию стратегии Тоҷикистону Чин баррасӣ гардиданд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо Хан Чжэн, ноиби раисиҷумҳури давлати Чин масоили татбиқи лоиҳаҳои калони инфрасохториро баррасӣ карда, оид ба амалисозии масъалаи татбиқи лоиҳаҳои роҳу нақлиёт, тавсеаи долонҳои транзитӣ, модернизатсияи гузаргоҳи Қулма-Қарасу, оғози татбиқи марҳилаи дуюми роҳи мошингарди Душанбе-Қулма ва васеъ кардани ҷуғрофияи алоқаи ҳавоии байни кишварҳо табодули андеша карданд.

Дар рафти вохӯрӣ, ҳамчунин, масъалаҳои таъсиси базаи истеҳсоли “технологияи сабз” дар Тоҷикистон, рушди робитаҳо дар соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сармоя барои инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамкорӣ дар бахши илм ва техника баррасӣ гардид.

Ҳамчунин, дар доираи ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо Ван Хунин, раиси Шӯрои мардумии сиёсии машваратии Чин мулоқот карда, масоили таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамчунин дар соҳаи амниятро муҳокима карданд.

Дар робитаҳои дуҷониба ба масъалаи ҳамкории парламентҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла муносибатҳои байниҳизбӣ, ки дорои мавқеи муҳим мебошанд, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ли Тсян, сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин низ мулоқот кард.

Дар ин мулоқот таъкид гардидааст, ки муомилоти молӣ байни кишварҳо дар соли гузашта қариб 40 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар рафти мулоқот масоили робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ, татбиқи лоиҳаҳои калони инфрасохторӣ ва ҳамкорӣ дар саноати кӯҳӣ муҳокима гардид.

Дар ин зимн, зарурати ҳалли масъалаи марбут ба додани иҷозат барои содироти бештари маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Чин таъкид гардидааст.

Дар мулоқотҳо ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ анҷом додаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.