“Ҷаннат барои сайёҳон”. Барномаи рушди минтақаҳои сайёҳии Роғун қабул шуд

Ҳукумати Тоҷикистон “Барномаи рушди минтақаҳои сайёҳии “Роғун” барои солҳои 2024 – 2028”-ро қабул кардааст, ки барои иҷрои он ҳудуди 18 млн. сомонӣ (1,7 млн. доллар) лозим аст. Таҳиякунандагони Барнома зикр мекунанд, ки Роғун шаҳри рушдёбандаи саноатӣ ва сайёҳӣ буда, баъди пурра ба кор андохтани НБО “Роғун” “имкониятҳои васеътари рушди сайёҳӣ фароҳам хоҳад шуд”. “Аз нуктаи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон “Барномаи рушди минтақаҳои сайёҳии “Роғун” барои солҳои 2024 – 2028”-ро қабул кардааст, ки барои иҷрои он ҳудуди 18 млн. сомонӣ (1,7 млн. доллар) лозим аст.

Таҳиякунандагони Барнома зикр мекунанд, ки Роғун шаҳри рушдёбандаи саноатӣ ва сайёҳӣ буда, баъди пурра ба кор андохтани НБО “Роғун” “имкониятҳои васеътари рушди сайёҳӣ фароҳам хоҳад шуд”.

“Аз нуктаи назари ҷуғрофӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун 41 қуллаи зебои кӯҳӣ, 150 чашмаи табиӣ, 11 дарёи тоза ва 4 кӯли ширин мавҷуд аст”, – омадааст дар Барнома.

Ҳамчунин, зикр мегардад, ки дар ҳудуди шаҳри Роғун беш аз 30 макони ҷолиби сайёҳӣ, аз ҷумла обанбори Неругоҳи барқи обии “Роғун” мавҷуд аст.

Айни замон дар ин шахр ду боғи фарҳангӣ – фароғатӣ, осорхонаи муосир, шаш осоишгоҳ ва ғайра мавҷуд аст.

Барои татбиқи Барнома аз ҳисоби манбаъҳои зерин маблағ сарф карда мешавад:

– буҷети ҷумҳуриявӣ – 795 ҳазор сомонӣ;

– буҷети маҳаллӣ – зиёда аз 1,8 млн. сомонӣ;

– шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст – ҳудуди 15 миллион сомонӣ.

Ёдовар мешавем, ки 31 августи соли 2022 Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таъсиси минтақаи сайёҳии “Роғун” қарор қабул кард.

Тибқи ин қарор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар идораҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки то аввали соли 2023 Барномаи рушди минтақаи сайёҳии “Роғун”-ро таҳия намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.