Азим Иброҳим бо корҳои таҷдиди хатарноктарин қитъаи роҳи Душанбе – Қулма шинос шуд

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ҳафтаи гузашта дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ бо ҷараёни корҳои таҷдиди қитъаи “Қалъаихумб – Ванҷ -дарромадгоҳи ноҳияи Рӯшон”, ки қитъаи бештар хатарнок дар роҳи байналмилалии автомобилгарди “Душанбе –  Қулма” дониста мешавад, шинос шуд. Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ба ин корҳо моҳи сентябри соли 2022 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ҳафтаи гузашта дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ бо ҷараёни корҳои таҷдиди қитъаи “Қалъаихумб – Ванҷ -дарромадгоҳи ноҳияи Рӯшон”, ки қитъаи бештар хатарнок дар роҳи байналмилалии автомобилгарди “Душанбе –  Қулма” дониста мешавад, шинос шуд.

Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ба ин корҳо моҳи сентябри соли 2022 президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳусни оғоз бахшида буд.

“Давоми нуҳ моҳ роҳсозон  мавзеъҳои мушкилтарини ин масирро тахту ҳамвор намуда, ба ҳудуди қитъаи 4-ум ва 5-уми лоиҳа дохил шуданд”, – зикр мешавад дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, давоми чанд моҳи охир роҳсозон ба сардии ҳаво ва боронгариҳои пай дар пай  нигоҳ накарда, корҳоро дар қитъаҳои хатарнок идома медиҳанд.

“Роҳсозон бо мақсади саривақт ва хушсифат мавриди истифода қарор додани қитъаи мазкур аз техникаи муосири пуриқтидор истифода бурда, роҳи душворгузарро тахту ҳамвор мекунанд”, – омадааст дар хабар.

Бино ба маълумоти Вазорат, масофаи роҳи қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ айни замон 109 километрро ташкил дода, пас аз таъмиру навсозӣ, то 90 км кӯтоҳ кардани он ба нақша гирифта шудааст.

Ба корҳои таъмиру навсозии ин қитъа ширкати China Road and Bridge Corporation (CRBC)-и Чин машғул аст.

Барои анҷоми корҳои таъмиру таҷдиди ин қитъа ҳукумати Чин ба маблағи 230 млн доллар грант ҷудо мекунад.

Дар ин лоиҳа бунёди роҳи духатаи категорияи сеюми техникӣ, сохтмони 2 нақб бо дарозии 5,2 км, долонҳои нақлиётӣ (галереяҳо) бо масофаи умумиии 490 метр, 15 пул (634 метр) ва  ва дигар иншооти муҳандисӣ пешбинӣ шудааст.

Дар назар аст, ки корҳои таъмиру таҷдиди ин қитъаи роҳ охири соли 2024 ба итмом расанд.

Дар маҷмӯъ, роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ – Қулма дар қаларави ВМКБ, ки таъмиру навсозиаш ба нақша гирифта шудааст, ба се қисмат тақсим шудааст.

Бо назардошти мавқеи душвори ҷуғрофӣ корҳои таъмиру навсозӣ қисм-қисм гузаронида мешаванд: Қалъаи Хумб – Ванҷ то сарҳади Рӯшон, Рӯшон – Хоруғ ва Хоруғ – Қулма то сарҳади Чин.

Тибқи арзёбии пешакии Вазорати нақлиёт, барои корҳои таъмиру навсозии роҳи Рӯшон – Хоруғ (масофааш 163 км) 200 млн доллар ва қитъаи Хоруғ – Қулма (масофааш 395 км) – 567 млн доллар маблағ лозим аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио